Ru  | Tj
Кишварҳои СҲШ феҳрасти ягонаи созмонҳои террористиро омода мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кишварҳои СҲШ феҳрасти ягонаи созмонҳои террористиро омода мекунанд
Акс: Sputnik

Кишварҳои СҲШ феҳрасти ягонаи созмонҳои террористиро омода мекунанд

Нашр шуд

Сохтори зиддитеррористии Созмони Ҳамкории Шанхай аз кишварҳои узви ин созмон хост, ки феҳрасти ягонаи гурӯҳу ташкилотҳои фаъолияташон мамнуъро таҳия намоянд.

Ба гузориши Sputnik, Артур Коновалов, муовини раиси сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ дар нишасти XVII-и раисони Додгоҳҳои олии кишварҳои узви ин созмон дар Душанбе тавсия дод, ки бояд рӯйхати ягонаи созмонҳои мамнуъ таҳия ва мувофиқа карда шавад.

Манбаъ меафзояд, Коновалов бо зикри ин матлаб ба фаъолияти ТЭТ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ишора кард, ки дар соли 2015 ба ҳамла ба як анбори аслиҳа дар Душанбе ва кӯшиши роҳандозии табаддулоти давлатӣ даст зад ва аз ҷониби давлат ҳамчун ташкилоти террористӣ эътироф гардид.

Бояд гуфт, ки қаблан Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор ғояи таҳияи феҳристи созмонҳои террористӣ дар доираи СААД ва СҲШ-ро ба кишварҳои узв пешниҳод намуда буд.

Нишасти XVII-и раисони Додгоҳҳои олии кишварҳои узви СҲШ рӯзҳои 16-17-уми август дар Душанбе баргузор гардид ва дар он раҳбарони Додгоҳҳои олии Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Русия, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Мардумии Чин, намояндагони давлатҳои нозир ва ҳайати ҳамроҳонашон иштирок доштанд.


Намояндаи Русия гуфт, ки дар Афғонистон 20 сохтори террористӣ фаъолият дорад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед