Ru  | Tj
Кишвардори Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар Маскавро нангин ва мудҳиш хонд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кишвардори Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар Маскавро нангин ва мудҳиш хонд

Кишвардори Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар Маскавро нангин ва мудҳиш хонд

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон аз мардуми Тоҷикистон хост, ки ба таҳсили фарзандони худ таваҷҷуҳ зоҳир карда, онҳоро аз даст задан ба чунин аъмол ҳифз кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон ҳамлаи ҳаросафкан дар "Крокус Ситӣ Ҳолл"-ро нангин ва даҳшатнок хонд ва аз мардуми кишвараш даъват кард, ки ба тарбияи фарзандони худ таваҷҷуҳ зоҳир кунанд, то онҳоро аз чунин аъмол ҳифз кунанд ва номи миллати тоҷикро бадном накунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ин замина шоми 25-уми март зимни суханронӣ дар таҷлили ҷашни Наврӯз дар майдони "Истиқлол"-и шаҳри Душанбе изҳори назар кард.

"Ҳодисаи нангину даҳшатноки дар наздикии шаҳри Москва рухдода ҳар яки мо, бавижа падару модаронро бори дигар ҳушдор медиҳад, ки ба тарбияи фарзандон эътибори боз ҳам ҷиддӣ диҳанд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Кишвардори Тоҷикистон дар идома таъкид кард, ки ҷавонони тоҷикро бояд аз таъсири гурӯҳу созмонҳои ҳаросафкан ҳифз кард.

Вай дар ин замина гуфт: "Мо бояд наврасону ҷавононро аз таъсири чунин гурӯҳу ҳаракатҳои харобкору даҳшатафкан эмин нигоҳ дорем ва нагузорем, ки фарзандони мо ба номи неки миллати тоҷик, давлати соҳибихтиёри тоҷикон ва падару модари худ иснод оваранд".

Бояд гуфт, ки бо иттиҳоми даст доштан дар ҳамлаи ҳаросафкани рӯзи 22-юми март дар бунгоҳи консертии "Крокус Ситӣ Ҳолл" дар наздикии шаҳри Маскав чор шаҳрванди Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед