Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Кишвардори Ӯзбекистон бо сафари давлатӣ вориди Қирғизистон шуд
Нашр шуд
Шавкат Мирзиёев, кишвардори Ӯзбекистон рӯзи 26-уми январ бо сафари дурӯзаи давлатӣ вориди Бишкек - пойтахти Қирғизистон шуд. Музокироти сатҳи олӣ миёни ду кишвар бо баррасии муҳимтарин самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба рӯзи 27-уми январ баргузор мешавад.
Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии раисҷумҳури Қирғизистон, асри рӯзи 26-уми январ сафари давлатии Шавкат Мирзиёев, кишвардори Ӯзбекистон ба ин кишвар оғоз шуд. Дар фурудгоҳи байналмилалии «Манас» Шавкат Мирзиёевро раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов истиқбол гирифт.
Гуфта мешавад, раҳбарони ду кишвар ва ҳамсарони онҳо дар ин рӯз барномаи консертӣ бо иштироки ҳунармандони Қирғизистонро тамошо карданд. Ба навиштаи ин манбаъ, дар чаҳорчӯби сафари давлатии раисҷумҳури Ӯзбекистон, рӯзи 27-уми январ раҳбарони ду кишвар доираи васеъи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро бо ҳузури ҳайатҳои расмӣ баррасӣ хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол рӯзи 26-уми январ дар чаҳорчӯби ҳамоиши тиҷоратии «Қирғизистону Ӯзбекистон» дар Бишкек ҷонибҳо беш аз 50 санади ҳамкорӣ ба маблағи 1,6 миллиард долларро имзо карданд.
Дар миёни асноди имзошуда созишномаҳои сармоягузорӣ ба маблағи 300,3 миллион доллар ва қарордодҳои содироту воридоти мол ба маблағи 1 миллиарду 155,6 миллион доллар ва 223 миллион доллар ба имзо расидааст.
Тибқи оморҳои расмӣ, дар 5 соли охир ҳаҷми савдои мутақобила миёни Ӯзбекистон ва Қирғизистон 6 маротиба – аз 167,5 миллион доллар дар соли 2016 то ба беш аз 1 миллиарду 260 миллион доллар дар соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед