Ru  | Tj
Кишвари шашум. Акнун тоҷикистониён ба Туркия ҳам бе раводид мераванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кишвари шашум. Акнун тоҷикистониён ба Туркия ҳам бе раводид мераванд
Акс: ASIA-Plus

Кишвари шашум. Акнун тоҷикистониён ба Туркия ҳам бе раводид мераванд

Нашр шуд

Сар аз оғози соли оянда шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд бидуни доштани раводид ба Ҷумҳурии Туркия бираванд.

Ба иттилои хабаргузории давлатии “Ховар”, ин матлабро Вазири саноат ва технологияи Туркия Мустафо Варанк дар Анҷумани соҳибкорони ду кишвар баён намудааст.

Гуфта мешавад, аз соли оянда шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд то 30 рӯз дар қаламрави Туркия иқомат намоянд. Барои дорандагони шиносномаҳои хидматӣ ва дипломатӣ ин муҳлат мутаносибан 60 ва 90 рӯз будааст.

Вазири турк афзудааст, ин иқдом аслан ҷиҳати рушди муносибот дар самтҳои гардишгариву маориф миёни Душанбеву Анқара гирифта шудааст.

Ин мақоми баландрутбаи Туркия ҳамчунин изҳори итминон кардааст, ки мизони тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия соли оянда ба 1 млрд доллар расонида мешавад.

Анҷумани соҳибкорони Тоҷикистону Туркия ҳафтаи гузашта дар Қуния баргузор шуда буд. Ин анҷуман бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва технологияи Туркия ва Шӯрои соҳибкорони ду кишвар – Тоҷикистон ДЕИК ва бо ҳузури вазирони саноат ва технологияи ду кишвар Шералӣ Кабир ва Мустафо Варанк доир гардид.

Бояд гуфт, ки то имрӯз Тоҷикистон бо панҷ давлат — Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Кореяи Шимолӣ низоми бидуни раводид дорад.

Бар пояи омори расмӣ, ҳаҷми гардиши мол миёни Тоҷикистону Туркия дар 10 моҳи соли 2021 ба 362 млн доллар баробар будааст.

Қаблан ҳам мақомдорони турк борҳо гуфта буданд, ки Тоҷикистонро аз муҳимтарин шарикони худ дар Осиёи Марказӣ медонанд ва хостори рушди муносибот дар тамоми бахшҳо бо Душанбе ҳастанд.


Аз ИМА то АМА ва Саудӣ. Шаҳрвандони 52 кишвар ба Тоҷикистон бе раводид омада метавонанд.


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед