Ru  | Tj
Китоби Эмомалӣ Раҳмон барандаи озмуни байналмилалии "Санъати китоб" дониста шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Китоби Эмомалӣ Раҳмон барандаи озмуни байналмилалии "Санъати китоб" дониста шуд
Акс: АМИТ "Ховар"

Китоби Эмомалӣ Раҳмон барандаи озмуни байналмилалии "Санъати китоб" дониста шуд

Нашр шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон «Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориёӣ» ғолиби Озмуни байналмилалии "Санъати китоб" дар номинаи «Илм ва ҳаёт» гардид.

Китоби "Нигоҳе ба таърих ва тамаддуни ориëӣ" соли 2009 аз ҷониби Муассисаи табъу нашри «Ирфон»-и шаҳри Душанбе  ба нашр расидаааст, - хабар додааст "Ховар".

Гуфта мешавад, ба ин озмун 155 асар аз 11 кишвар, аз ҷумла Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбекистон, Украина ва Эстония пешниҳод шуда буданд ва ҳайати ҳакамон беҳтарин китобҳоро дар  9 номина интихоб намудаанд.

Манбаъ афзудааст, натиҷаҳои озмуни имсола дар доираи Намоишгоҳи XXIII-и байналмилалии китоби Маскав эълон гаштаанд ва дар номинаи «Китоб барои кӯдакон ва наврасон»- и ин озмун китоби дигар аз Тоҷикистон – осори мунтахаби Убайди Зоконӣ, ки  нашриëти «Маориф ва фарҳанг» чоп кардааст,  ғолиб омадааст.

Бояд гуфт, ки Озмуни байналмилалии кишварҳои узви ИДМ «Санъати китоб» («Искусство книги»)  аз ҷониби Шӯрои байнидавлатии ҳамкорӣ бо дастгирии Бунёди байнидавлатии ҳамкории башардӯстонаи давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи матбуоти даврӣ, нашри китоб, паҳнкунии китоб ва полиграфӣ ҳамасола гузаронида мешавад.

Соли 2018 ин озмун дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор шуда буд.


Китоби Эмомалӣ Раҳмон ба забони ӯзбекӣ тарҷума ва дар Тошканд муаррифӣ гардид


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед