Ru  | Tj
Китоби Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони урду тарҷума шуда буд, дар Покистон рӯнамоӣ гардид

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Китоби Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони урду тарҷума шуда буд, дар Покистон рӯнамоӣ гардид
Акс: Mfa.tj

Китоби Эмомалӣ Раҳмон, ки ба забони урду тарҷума шуда буд, дар Покистон рӯнамоӣ гардид

Нашр шуд

Китоби "Тоҷикон дар оинаи таърих", ки ба қалами Президенти кишвар тааллуқ дорад,  дар Покистон ба забони урду тарҷума шудааст.

Чӣ тавре, ки Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 22 -юми декабри соли ҷорӣ дар Китобхонаи миллии Покистон китоби тоза тарҷумашудаи Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардидааст.

Ба таъкиди манбаъ, чорабинии мазкур бо иқдоми Сафорати Тоҷикистон дар Покистон дар ҳамкорӣ бо Маркази тадқиқоти глобалӣ ва стратегӣ дар Исломобод роҳандозӣ шудааст.

Гуфта мешавад, ки Зоҳируддин Бабар Аван, Вазири федералӣ оид ба масъалаҳои парламентӣ, мушовири Сарвазири Покистон дар ҷараёни чорабинӣ сухан ронда, қайд намудааст, ки  Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди сиёсати дохилию хориҷии Тоҷикистон ба дастоварҳои назаррас ноил гардида,  дар фазои сиёсии минтақа ва ҷаҳон нуфузи махсусро касб намудааст.

Ҳамчунин, миқдори муайяни нусхаи китобҳои тарҷумашуда ба Китобхонаи миллии Покистон тақдим карда шудааст.

 Асари "Тоҷинон дар оинаи таърих" -и Эмомалӣ Раҳмон дар ибтидо ҳамчун дастури таълимӣ барои хонандагони зинаҳои мухталифи таҳсилот (солҳои 1995-1999) бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ аз чоп баромада буд. Дар байни якчанд сол китоби зикргардида ба забонҳои дигари дунё, ба мисоли олмонӣ, арабӣ, чинӣ, форсӣ, фаронсавӣ ва урдуӣ низ тарҷума карда шуд.


Эмомалӣ Раҳмон Кодекси андози Тоҷикистон дар таҳрири навро имзо кард




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед