Ru  | Tj
Клуби футболбози тоҷик ба Лигаи олии Русия роҳ ёфт

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Клуби футболбози тоҷик ба Лигаи олии Русия роҳ ёфт
Акс: Halva.tj

Клуби футболбози тоҷик ба Лигаи олии Русия роҳ ёфт

Нашр шуд

Дастаи “Нижний Новгород”, ки дар он футболбози тоҷик бозингари беҳтарин аст, ба Лигаи Олии Русия роҳ ёфтааст.

Дастаи "Нижний Новгород", ки Муҳаммад Султонов - муҳоҷим аз Тоҷикистон дар он бозингар аст дар мавсими оянда дар Лигаи олии Русия (RPL) бозӣ мекунад. Дар ин бора Sports.ru. хабар додааст.

Аз рӯи маълумот дастаи "Нижний Новгород" дар охири мавсими 2020/2021 дар байни дастаҳои пурқуввати дуюми Русия (ФНЛ) дар ҷадвали мусобиқа ҷойи сеюмро ишғол мекунад. Дар назар аст, ки дар ин мавсим дастаи "Нижний Новгород" нахуст бо дастаи “Крылья Советов” бозӣ мекунад.

Бояд гуфт, ки дар мавсими гузашта Султонов Муҳаммад беҳтарин футболбози даста муаррифӣ гардида, дар 30 бозӣ ҳафт гол зада буд.

Шатрномаи шаҳрванди Тоҷикистон Муҳаммад Султонов бо клуби мазкур то тобистони соли оянда давом мекунад.

Футболбози тоҷик ба Аврупо меравад

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед