Ru  | Tj
Кобитский: Барои афзоиши сайёҳон дар ИДМ рушди зерсохтҳо зарур аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кобитский: Барои афзоиши сайёҳон дар ИДМ рушди зерсохтҳо зарур аст
Акс: аз манбаъҳои боз

Кобитский: Барои афзоиши сайёҳон дар ИДМ рушди зерсохтҳо зарур аст

Нашр шуд

Раиси Кумитаи рушди сайёҳии ҳукумати Тоҷикистон, Камолиддин Муъминзод гуфт, дар ин кишвар барои рушди зерсохтҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, бозорёбӣ ва пешбурди иқтидори сайёҳӣ кор бурда мешавад.

Рушди зерсохтори сайёҳӣ боиси афзоиши шумори сайёҳон дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Русия мегардад. 

Дар ин бора дабири кулли Шурои маҷмааи байнипарлумонии ИДМ Дмитрий Кобитский ба хабаргузории ТАСС изҳор дошт.

Бояд гуфт, ки ҳамоиши байналмилалии Travel Hub "Иттиҳод- 2024" дар Душанбе баргузор шуд.

Кoбитский дар идома афзуд, ки сиёсати нақлиётӣ ва логистикии кишварҳои ИДМ ва афзоиши мусофирони ҳавопаймоҳо ба он мусоидат кардааст, ки шаҳрвандони кишварҳои муштаракулманофеъ бо ҳам ошноӣ пайдо кунанд. 

Аз сӯи дигар раиси Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон, Камолиддин Муъминзод афзуд, дар кишвараш барои рушди зерсохтҳо, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, маркетинг ва таблиғи иқтидори сайёҳӣ кор бурда мешавад.

Ба гуфтаи вай, беш аз 90 дарсади сайёҳоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, шаҳрвандони кишварҳои ИДМ мебошанд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон фаъолона рушд ёфта, шумораи сайёҳони хориҷӣ дар ин кишвар низ меафзояд.  Ба Тоҷикистон асосан шаҳрвандони кишварҳои ИДМ меоянд, аз ҷумла аз Узбекистони ҳамсоя беш аз 800 ҳазор нафар дар соли 2023 ба ин кишвар омадаанд.

Дар соли 2023 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 262 ҳазор нафар омадаанд, ки нисбат ба соли 2022 92% бештар аст. Дар баробари ин Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон интизор доранд, ки дар соли 2024  шумораи сайёҳон аз Русия ба 300 ҳазор нафар хоҳад расид.

Ҳамоиши байналмилалии Travel Hub "Иттиҳод- 2024" барои нахустин бор дар пойтахти Тоҷикистон баргузор шуд.  Иштироккунандагони он қариб 150 нафар намояндагони парламентхо, доираҳои тиҷоратӣ, ширкатҳои сайёҳӣ, роҳбарони иттиҳодияҳо ва коршиносони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед