Ru  | Tj
Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо бо вазирони тоҷик дидор намуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо бо вазирони тоҷик дидор намуд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон

Комиссари Олии СММ оид ба гурезаҳо бо вазирони тоҷик дидор намуд

Нашр шуд

Як рӯз қабл, 17-уми март Филиппо Гранди, Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид (СММ) оид ба гурезаҳо бо Рамазон Раҳимзода, Вазири корҳои дохилии ҶТ ва Сироҷиддин Муҳриддин, Вазирии корҳои хориҷии ҶТ мулоқот анҷом дод.

Тавре Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ Рамазон Раҳимзода ва Филиппо Гранди перомуни ҳалли мушкилоти гурезаҳо аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, роҳҳои ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кӯмак ба онҳо табодули афкор анҷом додаанд.

Дар ҷараёни сӯҳбат намояндаи СММ ба иқдомҳои Тоҷикистон дар самти қабул ва ҷобаҷокунии гурезаҳо баҳои баланд дода, ҷиҳати бартараф кардани мушкилоти ҷойдошта изҳори омодагӣ намудааст.

Дар фарҷоми дидор ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки дар бахши кор бо гурезаҳо, паноҳҷӯяндагон ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳамкориҳо миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва СММ минбаъд низ тақвият дода мешавад.

Ҳамзамон, Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ медиҳад, ки Сироҷиддин Муҳриддин дар мулоқот бо Филиппо Гранди масъалаи ҳамкории Тоҷикистон бо UNHCR-ро ба баррасӣ кашидааст.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи масъалаи марбут ба вазъи Афғонистон ва кӯмак ба паноҳҷӯён мубодилаи афкор намудаанд.

Қобили қайд аст, ин сафари аввалини Филиппо Гранди ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси Комиссари Олии Созмони Миллали Муттаҳид оид ба гурезаҳо аст. Ӯ ҳамчунин соли 2000-ум ба кишвари мо ба ҳайси ёрдамчии махсуси UNHCR ташриф оварда буд.


Канада эълом дошт, ки 40 ҳазор гурезаи Афғонистонро қабул мекунад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед