Ru  | Tj
Корея Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои барои сармоягузорӣ афзалиятдор ворид кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Корея Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои барои сармоягузорӣ афзалиятдор ворид кард
Акс: Интернет

Корея Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои барои сармоягузорӣ афзалиятдор ворид кард

Нашр шуд

Ҷумҳурии Корея Тоҷикистонро ба феҳрасти кишварҳое ворид намуд, ки давоми панҷ соли оянда барои сармоягузорӣ ба онҳо афзалият медиҳад.

Ба иттилои Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Душанбе Квон Донг Сок дар мулоқот бо роҳбари ин ниҳод Завқӣ Завқизода гуфтааст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок дар сармоягузории Ҷумҳурии Корея барои 5 соли оянда ворид гардидааст.

Гуфта мешавад, дар ин дидори Завқӣ Завқизода бо Квон Донг Сок масоили марбут ба тавсеа ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаҳои тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.

Манбаъ меафзояд, тарафҳо ба таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ, нассоҷӣ барои истеҳсоли сикли пурраи нахи пахта, корхонаи лифтбарорӣ, батареяҳои офтобӣ, аккумуляторҳо, электромобилҳо дар ҳудуди Тоҷикистон, аз ҷумла дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва татбиқи лоиҳаҳои «Иқтисоди сабз», «Иқтисоди рақамӣ», таъсиси «Паркҳои технологӣ» ва «Технологияҳои рақамӣ», «Содагардонии расмиёти савдо» ва ҷорӣ кардани низоми «Савдои электронӣ» таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд.

Афзоиш додани маблағҳои грантӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии ҳамкории байналмилалии Корея ​ аз дигар мавзуъҳои ин гуфтугӯ будааст.

Квон Дон Сок нахустин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Душанбе аст, ки оғози соли равон ба фаъолияти дипломатии худ дар Тоҷикистон шуруъ намуд.

Ҷумҳурии Корея дар давлатҳои рӯ ба тараққӣ Барномаи кӯмаки расмии Корея барои рушд (ODA) ва Қарзҳои имтиёзноки Фонди рушди ҳамкориҳои иқтисодии Кореяро (EDCF) татбиқ менамояд.

Қаблан дар мулоқоти Ширин Амонзода бо намояндагони ин кишвар масъалаи дар Душанбе таъсис додани Академияи омӯзиши забони кореягӣ ба манзури омодасозии муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон барои сафар ва дарëфти шуғл дар бозори меҳнати Корея баҳсу баррасӣ шуда буд.

Бонки миллии Тоҷикистон меъëри бозтамвилро боло бурд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед