Ru  | Tj
Корфармоёни рус қарзи худро бо миёнаравии намояндагии Вазорати меҳнат пардох карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Корфармоёни рус қарзи худро бо миёнаравии намояндагии Вазорати меҳнат пардох карданд
Акс: DW

Корфармоёни рус қарзи худро бо миёнаравии намояндагии Вазорати меҳнат пардох карданд

Нашр шуд

10 миллион рубл ҳақи кори муҳоҷирон рӯёнида шуд.

Бо ташаббуси намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия музди меҳнати муҳоҷирон, ки аз ҷониби корфармоён пардохт нашуда буд, дар ҳаҷми 10 миллион рубли русӣ пардохта шуд. Дар ин бора Хадамоти матбуоти Намояндагии вазорати мазкур дар Русия иттилоъ медиҳад.

Гуфта мешавад, ки дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ беш аз 88 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия кор мекунанд ба Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия оид ба муҳоҷират барои баргардонидани маблағи музди маош ба миқдори 14544681,00 рубли русӣ муодил ба 2181702,00 сомонӣ муроҷиат намуданд.

Дар ин давра аз ҷониби намояндагӣ маблағи муҳоҷирон ба андозаи 75,3%, яъне 10950272, 00 рули русӣ бозгардонида шудааст.

"Бақияи 3594409,00 рубли русӣ, яъне 24,7% маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки ба намояндагӣ муроҷиат намудаанд, дар баррасии мақомотҳои марбутаи Федератсияи Русия қарор доранд"- афзудааст манбаъ.



Аз донишгоҳ ба муҳоҷирати меҳнатӣ: "На ҳамаи муҳоҷироне, ки ба Русия мераванд, маълумот надоранд"


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед