Ru  | Tj
Коргоҳи истеҳсоли дорувории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзҳои наздик ба кор медарояд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Коргоҳи истеҳсоли дорувории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзҳои наздик ба кор медарояд
Акс: Интернет

Коргоҳи истеҳсоли дорувории ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино рӯзҳои наздик ба кор медарояд

Нашр шуд

Дар ин коргоҳ аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон ва ҳамчунин равғани моҳӣ ҳар гуна дору ва капсулаҳои табобатӣ истеҳсол карда мешавад.

Имрӯз дар нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Гулзода Маҳмадшоҳ дар бораи оғози фаъолияти коргоҳи истеҳсоли дору дар назди Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”-и донишгоҳ, ки аз коргоҳҳои муҳимми соҳа ба ҳисоб меравад, сухан гуфт. Ба гуфти ректори донишгоҳ коргоҳи мазкур то Иди касбии табибон ба кор оғоз мекунад.

“Ин таҷрибаи аввалин дар Тоҷикистон аст, ки амалӣ мегардад”,-гуфт ректори донишгоҳ Маҳмадшоҳ Гулзода.

Ёдовар мешавем, ки Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии “Фарматсия”-и донишгоҳ бо мақсад ба вуҷуд овардани шароит барои ташкил ва гузаронидани раванди таълиму тарбия, таҷрибаҳои таълимию истеҳсолӣ, корҳои истеҳсолӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва дар сатҳи баланд омӯзонидани маҳорати касбӣ дар шароити муосир соли 2016 эҷод гардида, барои тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси дорои маълумоти олии соҳаи фарматсия ва ҷавобгӯ будани онҳо ба стандартҳои ҷаҳонӣ мусоидат мекунад.


Вазорати тандурустӣ: Беш аз 328 ҳазор нафар ваксинаи зидди COVID-19 гирифтанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед