Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон
Коргурӯҳи марказии интихобот: 6 ҳизби сиёсӣ ба парлумони Қазоқистон роҳ ёфт
Нашр шуд
Коргурӯҳ (комиссия)-и марказии интихоботи Қазоқистон натиҷаҳои пешакии интихоботи вакилони парлумон ва намояндагони маҷлисҳои маҳаллӣ дар ин кишварро эълон кард, хабар медиҳад «Kazinform».
Нурлан Абдиров, раиси Коргурӯҳи марказии интихоботи Қазоқистон дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки дар интихобот 6 миллиону 366 ҳазору 441 нафар ё худ 54,19% раъйдиҳандагон овоз додаанд.
Тибқи натиҷаҳои муқаддамотии интихобот Ҳизби «Аманат» – 53,90% , Ҳизби Халқии Демократии «Ауил» – 10,90%, Ҳизби Ҷумҳурӣ – 8,59%, Ҳизби халқии Қазоқистон – 6,80%, Ҳизби сабзи «Байтак» – 2,30%, Ҳизби демократии «Ак Жол» – 8,41% ва Ҳизби миллии сотсиал-демократӣ – 5,20% овоз гирифта, ба Маҷлис (палатаи поёнии парлумон) роҳ ёфтанд.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19-уми март дар Қазоқистон интихоботи ғайринавбатии вакилони Маҷлис ва маслиҳатҳо (маҷлисҳои маҳаллӣ) баргузор шуд.
Бояд гуфт, ки Маҷлис (палатаи поёнии парлумон)-и Қазоқистон 98 курсӣ дорад. Аз ин шумор 69 нафар тибқи рӯйхатҳои ҳизбӣ ва 29 нафари дигар аз ҳавзаҳои инфиродӣ интихоб мешаванд.
Рӯйхати пешниҳодкардаи ҳизбҳои сиёсии Қазоқистон ба Коргурӯҳи марказии интихоботи ин кишвар 281 номзад ба вакилии парлумонро дарбар мегирад. Инчунин барои 3415 курсии маслиҳатҳо (маҷлисҳои маҳаллӣ) 14 ҳазору 207 нафар номзад номнавис шуда буд.
Дар ҳамин ҳол гуфта мешавад, ки сатҳи иштироки мардум дар интихоботи парлумонии Қазоқистон, яъне 54% тайи даҳ соли охир нишондоди пасттарин буд. Дар соли 2012 иштироки овоздиҳандагон дар интихоботҳои парлумонӣ беш аз 75% ва соли 2021 зиёда аз 63%-ро ташкил дод.
Интихоботи пеш аз муҳлати парлумонӣ дар доираи барномаи ислоҳоти сиёсии Қосимҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури ин кишвар баргузор шуд. Дар чаҳорчӯби ин ислоҳот давлати Қазоқистон аз як ҷумҳурии суперпрезидентӣ ба як ҷумҳурии президентӣ бо парлумони қавӣ табдил шуд.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед