Ru  | Tj
Кори амалии лоиҳаи ТАПИ ба зудӣ дар хоки Афғонистон оғоз мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кори амалии лоиҳаи ТАПИ ба зудӣ дар хоки Афғонистон оғоз мешавад
Акс: Интернет

Кори амалии лоиҳаи ТАПИ ба зудӣ дар хоки Афғонистон оғоз мешавад

Нашр шуд

Ба гуфтаи мақомот, тарҳи ТАПИ қарор аст рӯзҳои наздик дар Афғонистон аз сар гирифта шавад.

Гуфта мешавад, Мавлавӣ Нур Аҳмад Исломҷор, волии Толибон* дар Ҳирот бо Гуч Мурод Мурод, консули Туркманистон дар Ҳирот дар бораи азсаргирии ТАПИ дидору гуфтугӯ кардааст.

Дафтари марказии лоиҳаи ТАПИ эълон кардааст, ки дар ин нишаст Туркманистон азсаргирии корҳои ин лоиҳа дар дохили кишварро низ хабар додааст. 

Бояд гуфт, ки анҷоми тарҳи ТАПИ мушкили нерӯи барқ ​​дар Ҳиротро ҳал хоҳад кард.

Мудири кулли лоиҳаи ТАПИ низ дар ин нишаст гуфта, ки лоиҳа аз вилояти Ҳироти Афғонистон ба зудӣ оғоз мешавад.

Тарҳи лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон- Покистон-Ҳиндустон-TAPI) барои рушди иқтисодии Афғонистон аҳаммияти ҳалкунанда дорад. Аммо бо ба сари қудрат омадани Толибон кори он мутаваққиф гардид. 

 *Толибон – Ҳаракати террористӣ 


“DABS” ба "Барқи тоҷик" аз 33 миллион доллар қарз танҳо 6 миллиони онро пардохт намудааст




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед