Ru  | Tj
Коркарди 7200 тонна алюминий дар сол. Дар Турсунзода боз як корхонаи азим оғоз ба кор кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Коркарди 7200 тонна алюминий дар сол. Дар Турсунзода боз як корхонаи азим оғоз ба кор кард
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон

Коркарди 7200 тонна алюминий дар сол. Дар Турсунзода боз як корхонаи азим оғоз ба кор кард

Нашр шуд

Корхонаи навтаъсиси «Алюмин Проф» имконият дорад дар як сол 7200 тонна алюминийро коркард ва аз он қариб 100 навъи маҳсулоти ниҳоии саноатӣ истеҳсол намояд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, дирӯз зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи азими “Алюмин Проф” оғози расмӣ бахшид.

Гуфта мешавад, ин корхона намудҳои гуногуни профилҳои алюминӣ барои омодасозии дару тирезаҳо ва ороиши намои биноҳои баландошёна, қисмҳои алоҳидаи мебел, пардаовезакҳои гуногун ва боз чандин номгӯй маҳсулоти дигарро тавлид мекунад.

Манбаъ меафзояд, ки “Алюмин проф” нақша дорад, маҳсулоташ дар баробари қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ ба бозорҳои кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил низ роҳ ёбад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба сохту сози марҳилаи дуюми ин корхонаи оғоз бахшидааст. Таъкид шудааст, ки марҳилаи дуюми иншооти мазкур дар зарфи ду соли оянда бунёд гардида, коркарди солонаи алюминий дар корхона ба 15 ҳазор тонна расонида мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар арафаи таҷлил аз рӯзи истиқлоли давлатӣ ба манотиқи мухталифи кишвар сафар ва иншооти таъиноти гуногунро ифтитоҳ мекунад.

Дирӯз дар ҷараёни ҳамин гуна як сафари корӣ Президенти Тоҷикистон дар Турсунзода ба фаъолияти як литсей-интернату як мактаби миёна, мактаби кӯдаконаи санъат ва боғи фарҳангу фароғатӣ дар ин шаҳр оғози расмӣ бахшид.



Президент эрод гирифт: Аз 27 корхонаи азими Тоҷикистон 10-тояш ба зарар кор кардааст

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед