Ru  | Tj
Корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром» рафтанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром» рафтанд
Акс: Интернет

Корхонаҳои нассоҷии Тоҷикистон ба Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром» рафтанд

Нашр шуд

Нуҳ корхонаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром», ки дирӯз дар Москва оғоз гардид, маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.

Ба гузориши хабаргузории "Ховар", иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳ дар чаҳорчӯбаи Барномаи ҷаҳонии нассоҷӣ ва дӯзандагӣ (GTEX)- ва дар ҳамкорӣ бо Палатаи савдо ва саноат ва Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон таъмин гардидааст.

Гуфта мешавад, дастовардҳои навтарини Тоҷикистон дар истеҳсоли ришта, матои пахтагӣ ва либосворӣ дар доираи ин намоишгоҳ дар толори НКХХ- и Маскав то 9-уми сентябр ба маъраз гузошта мешаванд.

Манбаъ меафзояд, дар Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром» корхонаҳои нассоҷию дӯзандагии «Ваҳдат Текстил», «KOTA Глобал», «Нассоҷи Хуҷанд», «Ноҳид», «Oртекс», «Раҳимов А. А.», «Сифат Саноат» «ТoҷТекс» ва «ХИМА Текстил»- и Тоҷикистон иштирок менамоянд.

Бояд гуфт, ки Намоишгоҳи байналмилалии «Текстиллегпром» бузургтарин намоишгоҳи тахассусӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад. Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ бори 14-ум аст, ки иштирок мекунад. Корхонаҳои Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ аслан маҳсулоти тайёр, ба монанди либоси мардонаву занонаву кӯдакона, либосҳои варзишию махсус ва ғайраро ба намоиш мегузоранд.

Кишоварзони Тоҷикистон имсол нақша доранд, ки зиёда аз 425 ҳазор тонна пахта ҷамъоварӣ кунанд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед