Ru  | Tj
Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён соҳиби китобхона ва ошхонаи нав шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён соҳиби китобхона ва ошхонаи нав шуданд
Акс: Интернет

Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён соҳиби китобхона ва ошхонаи нав шуданд

Нашр шуд

Китобхона бо мақсади ҷалби кормандони шӯъбаи ВКД-и дар ноҳияи Кӯшониён ба мутолиаи китоб бунёд гардидааст.

Чӣ тавре, ки Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, рӯзи 17-уми декабр бо иштироки Муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Абдураҳмонзода Фатҳулло маросими ба истифода додани китобхона ва ошхонаи шӯъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Кӯшониён баргузор гардидааст.

Манбаъ мегӯяд, китобхонаю ошхонаи замонавӣ бо ташаббуси соҳибкорони ватанӣ сохта шудаанд.

Бояд гуфт, ки китобхонаи мазкур фарогири 1000 нусха адабиёти мухталиф буда, дорои шароити замонавӣ аст.

Гуфта мешавад, ки дар анҷоми чорабинӣ як қатор кормандони милитсия ҷиҳати нишон додани малакаи баланди касбию таъмини тартиботи ҷамъиятӣ бо мукофоти пулӣ ва тӯҳфаҳо қадрдонӣ шудаанд.


Тафоҳумномаи табодули ҷинояткорон байни Тоҷикистон ва Маҷористон тасдиқ шуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед