Ru  | Tj
Кормандони Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон барои донишафзоӣ ба Русия мераванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кормандони Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон барои донишафзоӣ ба Русия мераванд
Акс: Аз манбаъҳои боз

Кормандони Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон барои донишафзоӣ ба Русия мераванд

Нашр шуд

Кормандони Ожонси назорати маводи мухаддири Тоҷикистон барои донишафзоӣ дар ниҳодҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Русия дар давраи омӯзишӣ иштирок мекунанд.

Дар ин бора дар созишномаи ҳамкорӣ байни ду ниҳод, ки ҳукумати Тоҷикистон тасвиб кард, зикр шудааст.

Қарор аст, ки бо кумаки Русия барои воҳидҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, тафтишотӣ, ташхисӣ ва нерӯи таъйиноти вижаи Ожонси мубориза бо мухаддироти Тоҷикистон кадрҳои баландихтисос омода  шаванд.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳадафи ин созишнома баланд бардоштани самаранокии кори Ожонси мубориза бо мухаддироти Тоҷикистон дар мусодираи мухаддирот, бастани масирҳои транзити ғайриқонунии маводи мухаддир тавассути қаламрави Тоҷикистон ва мубориза бо ҷиноятҳои байнулмилалӣ мебошад.

Гуфтанист, моҳи ноябри соли равон миёни Ожонси мубориза бо мухаддироти Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Русия ҷиҳати мубориза бо қочоқи маводи мухаддир барои солҳои 2023-2025 созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд.

Бино ба иттилоъи сафорати Русия дар Тоҷикистон, дар чаҳорчӯби ин созишнома ироаи кумакҳо аз ҷониби Русия ба маблағи беш аз 250 милён рубл пешбинӣ шудааст.

Ёдоварӣ мекунем, ки Эмомалӣ Раҳмон, кишвардори Тоҷикистон қаблан ба афзоиши қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ишора карда, гуфта буд, ки дар ду соли ахир дар марз бо ин кишвар беш аз 10 тон анвоъи маводи нашъадор мусодира шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед