Ru  | Tj
Корвони ҳомили кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон пагоҳ озими Покистон мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Корвони ҳомили кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон пагоҳ озими Покистон мешавад
Акс: TajikPress

Корвони ҳомили кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон пагоҳ озими Покистон мешавад

Нашр шуд

Бо супориши Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон ба Покистон ба маблағи зиёда аз 12 миллион сомонӣ кумаки башардӯстона мефиристад.

Хадамоти матбуоти Президент хабар додааст, ки ин кумаки башардӯстона аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 адад шифер иборат мебошад, ки беш аз 3000 тонна ва маблағи 12 миллиону 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, корвони мошинҳои ҳомили кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон фардо ба роҳ мебарояд ва Сарвари давлат мақомоти дахлдори кишварро барои то қаламрави Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор кардааст.

Бояд гуфт, ки дар пайи офатҳои табиии чанд ҳафтаи охир дар Ҷумҳурии Исломии Покистон 1265 нафар ба ҳалокат расида, 33 миллион нафар шаҳрвандони ин кишвар зарар дидаанд.

Ҳамчунин, беш аз як миллион манзили истиқоматӣ, роҳу пулҳо, дигар иншооти инфрасохторӣ ва заминҳои кишоварзӣ пурра хароб гардидаанд.


Дар вилояти Суғд ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмаки пулӣ менамоянд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед