Ru  | Tj
"Корвони тандурустӣ" ба Тоҷикистон омад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

"Корвони тандурустӣ" ба Тоҷикистон омад

"Корвони тандурустӣ" ба Тоҷикистон омад

Нашр шуд

Ду "Корвони саломатӣ"- сайёр дар доираи лоиҳаи Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ бо ёрии гранти Бонки рушди АвруОсиё (БОР) ба Тоҷикистон омад. 

Дар доираи лоиҳа, Тоҷикистон ду пойгоҳи тиббии сайёр гирифт, ки иборат аз чор модул мебошанд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ, таҷҳизоти ултрасадоӣ, дандонпизишкӣ ва дигар асбобҳои зарурӣ муҷаҳҳаз гардид. 

Истгоҳ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор кардани бемориҳо дар байни мардуми деҳот ва ноҳияҳои дурдаст, инчунин баланд бардоштани фарҳанги тиббии ҷомеа ба минтақаҳои Хатлон ва Суғд мераванд. 

Маблағи умумии лоиҳа 2,06 миллион долларро ташкил хоҳад дод, ки аз он 2 миллион доллараш гранти Бонки рушди АвруОсиё ва 60 ҳазор доллар - маблағҳои Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.

Роспотребнадзор аз рафти ташхис дар Тоҷикистон шарҳ дод


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед