Ru  | Tj
Котиби давлатии ИМА ва Сироҷиддин Муҳриддин масъалаи амнияти Афғонистонро баррасӣ намуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Котиби давлатии ИМА ва Сироҷиддин Муҳриддин масъалаи амнияти Афғонистонро баррасӣ намуданд
Акс: Хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Котиби давлатии ИМА ва Сироҷиддин Муҳриддин масъалаи амнияти Афғонистонро баррасӣ намуданд

Нашр шуд

Дар Вашингтон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Котиби давлатии ИМА Антоний Ҷ. Блинкен сурат гирифт.

Чӣ тавре, ки Хадамоти матбуоти ҳукумати ИМА иттилоъ медиҳад, Блинкен аз собит ва аҳамиятнок будани муносибатҳои дуҷонибаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Тоҷикистон ёдовар шуда, барои роҳбарии бардавоми Сироҷиддин Муҳриддин дар масъалаи амнияти минтақавӣ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Дар рафти сӯҳбат, котиб ва вазир ба мувофиқа расиданд, ки роҳи ҳалли боадолатона ва устувори вазъи мураккаб дар Афғонистон ба рушди иқтисодию ҳамгироӣ дар минтақа мусоидат менамояд.

Блинкен изҳор дошт, ки ҳамкориҳои минбаъдаи дуҷонибаро дар самти пешбурди ҳуқуқи инсон ва асосҳои озодӣ, ҳамчунин рушди иқтисодӣ ҷонибдорӣ менамояд.

Котиби давлатӣ илова намуд, ки Амрико ҷиҳати амният, субот ва тамомияти арзии Тоҷикистон ҳамеша кӯшиш мекунад.

Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти ҷамъбастии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ дар соли 2020 иштирок намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед