Ru  | Tj
Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Покистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Покистон
Акс: khf.tj

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми Покистон

Нашр шуд

Бо супориши президенти Тоҷикистон рӯзи 1-уми декабр дуввумин маҳмулаи кумакҳои башардӯстона барои мардуми Покистон, ки аз селу обхезиҳои шадиди моҳҳои охир хисороти зиёди ҷонию молӣ дидаанд, фиристода шуд.

Тибқи иттилои хабаргузории расмии «Ховар», бо назардошти буҳрони шадиди иқтисодию иҷтимоӣ, талафоти ҷонӣ, норасоии маводи ғизоӣ, вазъи мушкилӣ беҳдоштӣ ва афзоиши хуруҷи бемориҳои сироятӣ дар байни зарардидагони офатҳои табиӣ дар Покистон бо фармоиши Комиссияи давлатии ҳолатҳои фавқулодаи Ҳукумати Тоҷикистон ба мардуми Покистон кумаки башардӯстона ҷудо карда шуд.

Ба гуфтаи ин манбаъ, кумаки башардӯстона аз маводи ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии беҳдоштиву шустушўйӣ дар ҳаҷми наздик ба 5000 тонна иборат аст. Ин кумаки башардустона 300 тонна орд, 20 ҳазор литр равғани растанӣ, 100 тонна гандум, 100 тонна биринҷу макарон, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1500 тонна ангиштсанг, 2000 тонна семент, 5000 дона бомпӯш, 100 метри мукааб тахта ва беш аз 40 тонна собунро ба маблағи умумии 19,2 миллион сомонӣ дар бар мегирад.

Бар асоси дастури роҳбари давлати Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори ин кишвар барои то қаламрави Покистон расонидани кумаки ҷудогардидаи башардӯстона вазифадор карда шуданд. Аз ҷониби Тоҷикистон сертификати кумаки башардӯстона ба Ҷумҳурии Исломии Покистон супорида шуд.

Ёдовар мешавем, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ низ бо супориши президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мардуми аз офатҳои табиӣ зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистон кумаки башардӯстона иборат аз 500 тонна орд, 500 тонна оби нӯшокӣ, 1000 тонна ангиштсанг, 1000 тонна семент ва 2000 дона шифер дар маҷмӯъ беш аз 3000 тонна ба маблағи 12.2 миллион сомонӣ дастрас карда шуда буд.

Тибқи иттилои мақомоти Покистон, бар асари боришоти шадид ва селу обхезӣ дар ин кишвар, ки аз моҳи июн то моҳи сентябри соли ҷорӣ идома дошт, беш аз 1400 нафар, аз ҷумла 499 кӯдак ва 280 зан ба ҳалокат расиданд.

Ҳамчунин офатҳои табиӣ дар Покистон ба зиёда аз 1 млн 743 ҳазор хонаи мардум зарар расонд, ки ҳудуди 570 ҳазори он комилан хароб шуд. Инчунин мардуми Покистон дар натиҷаи ин обхезиву селҳо беш аз 750 ҳазор чорвои худро аз даст доданд.

Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар як суҳбати хеш дар ин маврид гуфт, ки обхезиҳои тобистони имсол ба иқтисоди Покистон ба маблағи 30 миллиард доллар хисорот ворид кардааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед