Ru  | Tj
Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Индонезия Ëддошти тафоҳум имзо мекунанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Индонезия Ëддошти тафоҳум имзо мекунанд
Акс: Sputnik

Кумитаҳои миллии олимпии Тоҷикистону Индонезия Ëддошти тафоҳум имзо мекунанд

Нашр шуд

Дилшод Назаров ва Президенти Кумитаи олимпии Индонезия масоили ҳамкорӣ дар заминаи варзишро баррасӣ карданд.

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, ноиби ин ниҳод Дилшод Назаров 26-уми март бо
Раҷа  Сапта Октоҳарӣ, Президенти Кумитаи олимпии Индонезия мулоқот  кард.

Манбаъ мегӯяд, дар ин дидор тарафҳо масъалаҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судмандро баррасӣ намуда, барои дар фурсати наздиктарин ба имзо расонидани Ёддошти тафоҳум миëни Кумитаҳои миллии олимпии ду кишвар ба тавофуқ расиданд.

Манбаъ меафзояд, Октоҳарӣ ба Тоҷикистон ва Президенти Кумитаи миллии олимпии кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои мизбонии Қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ибрози сипос кардааст.

Раҷа Сапта Октоҳарӣ ноиби Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё ҳам ҳаст ва барои иштирок дар Қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ ба Тоҷикистон омадааст.

Чанд рӯз аст, ки дар Душанбе бори нахуст бо ширкати беш аз 400 варзишгар аз 27 давлати минтақаи Осиё Қаҳрамонии Осиё оид ба велосипедронӣ баргузор мешавад.


Дар Тоҷикистон барои ҷалби занон ба корҳои роҳбарӣ барномаи махсус таҳия мешавад



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед