Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи иҷроияи ФФТ фаъолияти Петр Сегртро қаноатбахш унвон кард
Нашр шуд
Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолияти Петр Сегртро ба ҳайси сармураббии мунтахаби миллии футболи кишвар қаноатбахш донист.
26-уми август дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт оид ба омодагӣ ва баромади даста дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 гузориши муфассал ироа намуд, - хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар.
26-уми август дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт оид ба омодагӣ ва баромади даста дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2023 гузориши муфассал ироа намуд, - хабар медиҳад Федератсияи футболи кишвар.
Гуфта мешавад, аз ҷониби аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футбол дар умум фаъолияти Петр Сегрт ба ҳайси сармураббии тими яккачини футболи мамлакат қаноатбахш дониста шудааст.
Дар ин ҷаласа ҳамчунин ҳисоботи роҳбари Шӯро оид ба иҷрои нақшаи стратегии рушди футбол дар Тоҷикистон - «Орзу-2026» Анваршо Мирзоев шунида шудааст. Вай зимни суханронӣ ба масъалаҳои ширкати дастаҳои наврасону ҷавонони кишвар дар сабқатҳои байналмлилалӣ ва мушкилот ва дурнамои футболи наврасон дахл кардааст.
Манбаъ меафзояд, аъзои Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамчунин натиҷаҳои аудити фаъолияти молии федератсия барои соли 2021-ро тасдиқ намудаанд.
Мутахассиси 55-солаи хорватӣ Петр Сегрт оғози соли равон сармураббии мунтахаби футболи кишвар таъин шуда буд. Расонаҳо навишта буданд, ки шарномаи вай бо ФФТ яксола буда, аммо дар сурати роҳ ёфтани тими Тоҷикистон ба қисмати ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 ба таври автоматӣ тамдид мешавад.
Сегрт қаблан сармураббии тими миллии Афғонистон дар сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2018 буд ва ҳамчунин тими Молдивро ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Осиёи Ҷанубӣ дар соли 2018 гардонид.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё - 2023 дар гурӯҳи "F" тими Тоҷикистон бар дастаи Мянмор бо ҳисоби 4:0 ва Сингапур - 1:0 пирӯз шуда, сабқат бо дастаи мизбон - Қирғизистонро мусовӣ бидуни голе анҷом дод ва аз мақоми аввали гурӯҳи мазкур ба марҳилаи асосии Ҷоми Осиё - 2023 роҳхат гирифт.
Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj
Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед