Ru  | Tj
Кумитаи сайёҳӣ ба се ширкати навтаъсис иҷозатномаи фаъолият дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи сайёҳӣ ба се ширкати навтаъсис иҷозатномаи фаъолият дод
Акс: ASIA-Plus

Кумитаи сайёҳӣ ба се ширкати навтаъсис иҷозатномаи фаъолият дод

Нашр шуд

Кумитаи рушди сайёҳӣ аз таъсиси се ширкати нави сайёҳӣ бо номҳои «Мадади Шарқ», «Амир саёҳат» ва «Сайри Шоҳин» дар Тоҷикистон хабар дод.

Ба навиштаи сомонаи Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Амирбекзода, муовини аввали Раиси ин кумита дар як маросими вижа дар Душанбе иҷозатномаи фаъолиятро ба роҳбарони ширкатҳои навтаъсис тақдим намудааст.

Моҳи гузашта ин ниҳод аз таъсиси шаш ширкати сайёҳӣ дар кишварамон хабар дода, гуфта буд, ки дар соли ҷорӣ ба 12 ширкати гардишгарӣ иҷозатнома додааст. Ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар Тоҷикистон 226 ширкати ватании сайёҳӣ фаъолият доранд.

Ин дар ҳолест, ки дар авохири соли гузашта Кумитаи сайёҳӣ аз коҳиши мизони вуруди сайёҳон ба кишвар хабар дода зикр намуда буд, ки омадани гардишгарон ба кишвар 72,2% коҳиш ёфтааст ва ин бахш ба ҷои 250 миллион ҳамагӣ 72 миллион доллар фоида овардааст.

Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир ба рушди гардишгарӣ аҳамияти махсус зоҳир мекунад ва солҳои 2019-2021 дар кишвар чун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шудааст.

Кумитаи зиддиинҳисорӣ: нархи барқ ҳоло боло намеравад


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед