Ru  | Tj
Кумитаи зиддиинҳисорӣ: нархи барқ ҳоло боло намеравад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи зиддиинҳисорӣ: нархи барқ ҳоло боло намеравад

Кумитаи зиддиинҳисорӣ: нархи барқ ҳоло боло намеравад

Нашр шуд

Раиси кумитаи зиддиинҳисории Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод оиди бардоштани нархи қувваи барқ дар ҷумҳурӣ чунин посух дод, дар мусоҳиба бо хабарнигорон. Тавре Абдулмаҷид Муминзод мегӯяд ҳоло ба кумитаи онҳои пешниҳод аз ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи бардоштани қувваи барқ наомадааст ва ин салоҳиятро танҳо ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дорад.

Аз ин бармеояд, ки ҳамаи овозаҳои паҳншуда дар бораи бардоштани тарифи қувваи барқ асос надоранд ва дар ояндаи наздик пешбини намешавад.

Хотиррасон менамоем, ки дар Тоҷикистон сар карда аз 5 январ маҳдудиятҳои барқӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҷорӣ карда шуданд. Маҳдудиятҳо дахл доранд ба хонаҳои ҳавлӣ, ки шароити алтернативии гарм намудани  хонаҳоро дар фасли зимистон бо сузишворӣ яъне (ҳезум, ангишт ва ғ) доранд. 

Эмомалӣ Раҳмон корхонаҳои саноатиро дар вилояти Суғд ифтитоҳ намуданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед