Ru  | Tj
“Лаббайк” ба даъвати Масъуд. Мардуми Афғонистон алайҳи Толибон ба қиёми миллӣ бархестанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

“Лаббайк” ба даъвати Масъуд. Мардуми Афғонистон алайҳи Толибон ба қиёми миллӣ бархестанд
Акс: Sputnik

“Лаббайк” ба даъвати Масъуд. Мардуми Афғонистон алайҳи Толибон ба қиёми миллӣ бархестанд

Нашр шуд

Дар пайи даъвати Аҳмади Масъуд дишаб мардуми Афғонистон ба қиёми миллӣ бархост ва дар бештарин нуқоти ин кишвар ба майдону хиёбонҳо рехт.

Ба гузориши Halva, дирӯз Аҳмад Масъуд, роҳбари ҷабҳаи муқовимати миллӣ алайҳи Толибон* (* созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) бо нашри як паёми савтӣ аз мардуми кишвараш хост, ки ба қиёми миллӣ бархезанд.

Аҳмад ин муроҷиати худро пас аз он ки ба Панҷшер бо чархболу ҳавопаймоҳои бесарнишин зарбаҳо сурат гирифт, ироаи мардум кард ва он бозтоби густарда пайдо намуд.

Масъуд дар ин паёми худ аз ҳузури неруҳои бегонаи пуштибони Толибон* гуфт ва таъкид дошт, ки ин неруҳо аз дер боз ҳузур доранд ва ҳар нафар ба ҳар ваҷҳе, ки метавонад бояд зидди Толибон* бархезад ва ё садо баланд кунад.

Пас аз ин даъвати Аҳмади Масъуд мардум дар аксар шаҳру навоҳии Афғонистон ба кӯчаву хиёбонҳо рехтанд ва навори қиёми онҳо Фейсбуку дигар шабакаҳои иҷтимоиро лабрез кард. “Марг ба Покистон” ва “Зинда бод Ҷабҳаи муқовимат” аз шиорҳое буд, ки имшаб Афғонистонро ларзонд.

Ҳатто Ато Муҳаммади Нур, волии собиқи Балх, ки ҳоло дар Дубай қарор дорад, ба ин даъват ҳамовозӣ кард ва чандин видеое дар шабакаҳои иҷтимоӣ мечархад, ки нишон медиҳад, маршал Дӯстум ба Панҷшер омадаву ба Ҷабҳаи муқовимат пайвастааст.

Тибқи гузоришҳо, дар Кобул, Мазори Шариф ва Ҳирот шумори таҷаммуъгарон аз ҳама бештар буданд.

Шаби якшанбеи 5-уми сентябр Толибон* пас аз он ки аз замин Панҷшерро шикас дода натавонистанд, бо чархболҳо ва ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ин минтақа ҳуҷум оварданд ва дар пайи он пешрав шуданд.

Ҷабҳаи муқовимат ин чархболҳоро ба кишвари Покистон мутааллиқ донист ва ҳатто чанд аксе дар шабакаҳои иҷтимоӣ давр мезанад, ки панҷшериён як чархболи артиши Покистонро суқут додаанд.

Толибон* пас аз ғасби Афғонистон мехоҳанд дар ин кишвар ҳукумате назири давлатдории Эрон ташкил бидиҳанд.

Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки то имрӯз Толибон* онро ба тасарруф надаровардаанд ва он ҷо Ҷабҳаи муқовимати миллӣ таъсис ёфтаву Панҷшерро аз онҳо ҳимоят мекунад.




Фаҳими Даштӣ ба шаҳодат расид. “Ҳатман аз ин бедодиҳо ба Худованд шикоят мекунад”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед