Ru  | Tj
Латифи Пидром дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ва паёмадҳои он мегӯяд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Латифи Пидром дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ва паёмадҳои он мегӯяд
Акс: Интернет

Латифи Пидром дар “Гуфтугӯи тамаддунҳо” аз ташаннуҷи авзоъ дар Афғонистон ва паёмадҳои он мегӯяд

Нашр шуд

Латифи Пидром дар Душанбе дар маҳфили бунёди “Гуфтугӯи тамаддунҳо”-и профессор Иброҳим Усмонов атрофи вазъи имрӯзи Афғонистон сӯҳбат мекунад.

Ба гузориши Halva, намояндаи ин бунёд хабар дод, ки 28-уми август Латифи Пидром, сиёсатмадор ва шоиру донишманди маъруфи афғон дар бобати ғасби қудрат дар кишвараш аз сӯи Толибон* (созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар давлатҳо) ва паёмадҳои он гуфтугӯ хоҳад кард.

Пидром аз раҳбарони тоҷикони Афғонистон ва айни замон узви гурӯҳи музокиротии сиёсатмадорони ин кишвар барои як ташкили як ҳукумати фарогир мебошад.

Гуфта мешавад, ин маҳфил бо ҳузури коршиносони сиёсӣ ва хабарнигорони тоҷик соати 17:30 дақиқа дар “Кохи афсарон” – и Душанбе оғоз меёбад ва вуруд ба он озод аст.

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар суҳбат бо Вазири хориҷии Покистон атрофи вазъи Афғонистон гуфт, ки дар ин кишвар бояд ҳарчӣ зудтар як Ҳукумати фарогири инклюзивӣ бо иштироки ҳамаи ақалиятҳои миллӣ, пеш аз ҳама тоҷикони Афғонистон, ки зиёда аз 46 фоизи мардуми ин кишварро ташкил медиҳанд, таъсис дода шавад.

Қаблан Латифи Пидром дар як мусоҳибаи ихтисосии худ ба Halva зикр намуда буд, ки агар Амрико дар мубориза алайҳи Толиб* содиқ мебуд, муваффақ мешуд.



Латифи Пидром: “Тоҷикон қавме мебошанд, ки ҳамаи дунё алайҳи онҳост”

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед