Ru  | Tj
Лавров бо Муҳриддин суҳбати телефонӣ анҷом дод

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лавров бо Муҳриддин суҳбати телефонӣ анҷом дод
Акс: аз манбаъҳои боз

Лавров бо Муҳриддин суҳбати телефонӣ анҷом дод

Нашр шуд

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия зимни суҳбати телефонӣ масоили ҳалталаби дуҷонибаро баррасӣ карданд.

Рӯзи 30-юми апрели бо дархости ҷониби Русия Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо ҳамтои русаш Сергей Лавров суҳбати телефонӣ анҷом дод. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ки роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ вазъияти душвореро, ки шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави Русия бо он рӯбарӯ шуданд, баррасӣ карданд.

Ба навиштаи ин ниҳод, Сергей Лавров гуфт, вокуниши ҷониби Тоҷикистонро дар ин бора дарк мекунад.

Аз сӯйи дигар Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки чунин бархӯрди манфӣ бо шаҳрвандони Тоҷикистон ва нақзи густардаи ҳуқуқу озодиҳои онҳо ба усули муносибатҳои дуҷониба мувофиқат намекунад.

Дар ин замина Муҳриддин ба зарурати риояи муқаррароти санадҳои асосии меъёрии ҳуқуқии дуҷониба ва бисёрҷониба, аз ҷумла Қарордоди дӯстӣ, ҳамкорӣ ва кумаки мутақобилаи байни Тоҷикистон ва Русия аз 25 майи соли 1993 ва Қарордоди ҳамкории ҳампаймонӣ байни Тоҷикистон ва Русия ба асри 21 нигаронидашуда аз 16 апрели соли 1999 ишора кард.

Дар заминаи изҳороти Сергей Лавров “дар бораи равона нашудани тадбирҳои андешидашуда алайҳи миллат ё дини мушаххас”, Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки ин бо вазъи воқеъӣ мувофиқ нест ва амалҳои манфӣ танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон татбиқ карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки дар охир мусоҳибон дар мавриди зарурати нигоҳ доштани пойбандии тарафҳо ба усулҳои шарикии роҳбурдӣ ва ҳампаймонӣ якдилона ибрози назар карданд.

Дар ҳамин ҳол ба иттилоъи Вазорати корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров зимни суҳбат бо Сироҷиддин Муҳриддин иброз дошт, ки тафтиши ҳамаҷонибаи шаҳрвандони хориҷӣ зимни вуруд ба Русия дар пасманзари фоҷеъа дар "Крокус Ситӣ Ҳолл" сурат мегирад. Лавров тавзеҳ дод, ки ин чораҳо муваққатӣ буда, алайҳи намояндагони як миллат ё гурӯҳи мазҳабӣ нигаронида нашудааст.

Хотиррасон мекунем, ки рӯзи 22-юми март дар Красногорск, наздикии Маскав дар толори консертии "Crocus City Hall" ҳамлаи ҳаросафкан анҷом шуд. Тибқи маълумоти охирин, дар натиҷаи ин фоҷеъа 145 кас ба ҳалокат расидаанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед