Ru  | Tj
Лавров дар Душанбе: барқарории равобити ҳавоӣ ва дигар ҳамкориҳои низомии Русия бо Тоҷикистон

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лавров дар Душанбе: барқарории равобити ҳавоӣ ва дигар ҳамкориҳои низомии Русия бо Тоҷикистон
Фото: Telegram-канал посольства России в Таджикистане

Лавров дар Душанбе: барқарории равобити ҳавоӣ ва дигар ҳамкориҳои низомии Русия бо Тоҷикистон

Нашр шуд

Дар Душанбе ҷаласаи вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои СААД идома дорад.

Дар ҷараёни ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, ки ҳоло дар Душанбе давом дорад, ба масъалаи пурра барқарор гардидани равобити ҳавоӣ миёни Русия ва Тоҷикистон низ таваҷҷӯҳ зоҳир шудааст. Дар робита ба ин масъала вазири корҳои хориҷии Русия, Сергей Лавров таъкид намуда, изҳор дошт, ки Маскав ҷонибдори ҳарчӣ зудтар барқарор шудани равобити ҳавоӣ бо Тоҷикистон аст.

"Мо мехоҳем, ҳарчӣ зудтар басомад ва ҳаҷми ҳаракати ҳавоии мунтазамро барқарор кунем, аз ҷумла барои бозгашти ҳамаи донишҷӯёни тоҷик, ки дар Русия таҳсил мекунанд. Ин тақрибан 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад", - афзудааст Лавров.

Ҳамчунин вазири корҳои хориҷии Русия дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ бо Тоҷикистон ибрози назар кард. Ба гуфти ӯ бо назардошти вуҷуд доштани хатар ба амнияти умумӣ, ин масъала хеле муҳим аст.

“Рафти иҷрои қарордодҳо дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомӣ техникӣ, аз ҷумла мусоидати Русия ба таъмини Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳу муҳимоти навро баррасӣ кардем. Тавофуқ ҳосил намудем, ки минбаъд низ нақшаҳои пешбинишударо бо риояи муҳлатҳои муқарраршуда иҷро мекунем”, - чунин гуфт вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров.

Бояд гуфт, ки Сергей Лавров бо Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон иҷрои қарордодҳо дар бораи ҳамкориҳо дар соҳаи низомӣ ва низомӣ техникӣ, аз ҷумла мусоидати Русия ба таъмини Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон бо силоҳу муҳимоти навро баррасӣ кардаанд.


Тоҷикистону Қазоқистон қарордодҳои муҳимми тиҷоратиро ба имзо расониданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед