Ru  | Tj
Лавров гуфт, ки вазъият дар Осиёи Марказиро аз берун халалдор кардан мехоҳанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лавров гуфт, ки вазъият дар Осиёи Марказиро аз берун халалдор кардан мехоҳанд
Акс: Sputnik

Лавров гуфт, ки вазъият дар Осиёи Марказиро аз берун халалдор кардан мехоҳанд

Нашр шуд

Сергей Лавров, Вазири корҳои хориҷии Русия гуфт, ки вазъ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мумкин аст аз берун халалдор шавад.

Ба иттилои РИА Новости, Вазири корҳои хориҷии ин матлабро дар нишасти хабарии натиҷагирӣ аз соли гузашта рӯзи 14-уми январ баён намуд ва таъкид дошт, ки барои аз берун халалдор намудани вазъ ҳам дар Осиёи Марказӣ ва ҳам дар дигар кишварҳои СААД кӯшишҳои зиёд анҷом дода мешаванд.

Лавров таъкид дошт, ки “ ин мудохилаҳо аз берун баъди фирори амрикоиҳо ва дигар аъзои НАТО аз Афғонистон ва гузоштани ин кишвар дар ҳолате, ки имрӯз дорад, тезутунд ва хатарноктар шудаанд”.

Ин дар ҳолест, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Тоҷикистон ҳам дар ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои амнияти СААД аз хатарҳое, ки дар наздикии марзҳоии ҷанубии СААД, дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон ба мушоҳида мерасанд, ибрози нигаронӣ карда буд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфта буд, ки айни замон дар вилоятҳои шимолу шарқи Афғонистон беш аз 40 урдугоҳ ва маркази омӯзиши террористон мавҷуд аст, ки дар онҳо беш аз 6000 ҷангҷӯ омодагӣ мебинанд.


Лавров дар Душанбе: барқарории равобити ҳавоӣ ва дигар ҳамкориҳои низомии Русия бо Тоҷикистон


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед