Ru  | Tj
Лавров: Русия аз кумаки Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳамлаи "Крокус Ситӣ Ҳолл" қадрдонӣ мекунад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лавров: Русия аз кумаки Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳамлаи "Крокус Ситӣ Ҳолл" қадрдонӣ мекунад
Акс: аз манбаъҳои боз

Лавров: Русия аз кумаки Тоҷикистон дар таҳқиқи ҳамлаи "Крокус Ситӣ Ҳолл" қадрдонӣ мекунад

Нашр шуд

Вазири корҳои хориҷии Русия ба раҳбарияти Тоҷикистон барои ҳамдардӣ ва кумак дар таҳқиқи ҳамлаи ҳаросафкан дар Маскав изҳори сипос кард.

Русия аз кумаки сареъи мақомоти Тоҷикистон дар таҳқиқи рухдодҳои ҳамлаи ҳаросафкан дар "Крокус Ситӣ Ҳолл" қадрдонӣ мекунад. Дар ин бора дар табрикоти Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар муаррифии Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон зикр шудааст.

"Ҳамлаи мудҳиши ҳаросафкан дар "Крокус Ситӣ Ҳолл" дар канори Маскав, ки ҳадафи созмондиҳандагони он эҷоди ихтилоф ва эҳсоси нобоварӣ дар ҷомеъаи Русия буд, аммо баръакс ин фоҷеъа миллатҳои гуногунро муттаҳид сохт. Мо аз раҳбарияти Тоҷикистон барои ҳамдардӣ дар ин лаҳзаи душвор сипосгузорем. Мо кумаки фаврӣ дар таҳқиқи рухдодҳои ин фоҷеъаро қадр мекунем», - гуфт вазири хориҷаи Русия.

Вай изҳори итминон кард, ки ягона вокуниши муоносиб дар ин рухдод бояд афзоиши минбаъдаи ҳамкорӣ дар муборизаи оштинопазир бо ҳаросафканӣ ва сарпарастони хориҷии он бошад.

«Ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам дар ҳамдастӣ бо муттаҳидон ва ҳамфикронамон дар СПАД, ИДМ ва СҲШ, дар ҳоле ки ғарб мехоҳад риштаҳои чандинасраи муттаҳидсози моро нобуд созад, тақвияти беш аз пеши дӯстӣ, эътимод ва дарки мутақобилаи халқҳоямон муҳим аст», - таъкид мекунад Сергей Лавров.

Ба гуфтаи Лавров, нақши равобити доимии дӯстона ва боварбахши раҳбарони ду кишвар Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дар густариши равобити Русияву Тоҷикистон нақши муҳим дорад.

"Дар тӯли солҳои зиёд Русия мақоми худро ҳамчун шарики пешбари тиҷоратии Тоҷикистон боитминон нигоҳ доштааст. Ширкатҳои бештари русӣ омодаанд ба лоиҳаҳои саноатӣ ва энергетикӣ дар Тоҷикистон сармоягузорӣ кунанд. Ҳамкориҳо дар бахшҳои маориф, илм ва фарҳанг таҳким меёбанд", - гуфт роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Бояд гуфт, ки муаррифии Ҷамъияти дӯстӣ бо Тоҷикистон дар остонаи 25-умин солгарди Паймони ҳамкориҳои муттафиқӣ миёни Тоҷикистон ва Русия сурат мегирад, ки рӯзи 16-уми апрел аз он таҷлил хоҳанд кард. Ин яке аз асноди бунёдии равобити дуҷониба аст, ки барои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Русия роҳнамои дарозмуддатро муайян мекунад.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед