Ru  | Tj
Лавров: “Русия талош дорад, ки дар кишварҳои ИДМ барои муҳоҷирони корӣ марказҳои омӯзишӣ боз кунад”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лавров: “Русия талош дорад, ки дар кишварҳои ИДМ барои муҳоҷирони корӣ марказҳои омӯзишӣ боз кунад”
Акс: Интернет

Лавров: “Русия талош дорад, ки дар кишварҳои ИДМ барои муҳоҷирони корӣ марказҳои омӯзишӣ боз кунад”

Нашр шуд

Дар марказҳои омӯзишӣ ба шаҳрвандон забони русӣ ва қонунгузории Федератсияи Русия омӯзонида мешавад.

Тавре "ТАСС" хабар медиҳад, Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров зимни суханронӣ дар ҷаласаи умумии Думаи давлатӣ изҳор доштааст, марказҳои омӯзишӣ дар кишварҳое ба кор медароянд, ки теъдоди бештари муҳоҷирони онҳо ба Русия ҳиҷрат мекунанд.

Гуфта мешавад, ин пешниҳоди Лавров асосан ба муҳоҷирони кишварҳои Осиёи Марказӣ, алалхусус Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон нигаронида шудааст.

Ҳамзамон, роҳбарияти ВКХ-и Русия зимни нишаст қайд намудааст, ҳодисаҳое, ки бо иштироки муҳоҷирон ба вуқӯъ мепайванданд, сабаби ба вуҷуд омадани вокуниши эҳсосотӣ дар ҷомеа мегарданд ва ВКХ-и Русия масъалаи мазкурро зери назорати ҷиддӣ қарор додааст.

Зимнан, Лавров таъкид доштааст, ки масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ дар Федератсияи Русияро бо муҳоҷирони меҳнатие, ки дар Амороти Муттаҳидаи Араб ё Қатар кор мекунанд, муқоиса кардан дуруст нест, зеро одамоне, ки аз кишварҳои ИДМ ба Русия омадаанд, қаблан шаҳрвандони як кишвари иттиҳод буданд. 

Ёдрас мешавем, ки тибқи маълумоти ВКХ-и Русия дар соли 2021 теъдоди шаҳрвандони кишварҳои хориҷӣ, ки дар хадамоти муҳоҷирати Русия сабти ном шудаанд, 10 миллиону 616 ҳазору 980 нафарро ташкил дода буд.


Русия ҷиҳати таъмини мактаббачагони Тоҷикистон бо маводи озӯқа 2 миллион доллар ҷудо мекунад




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед