Ru  | Tj
Лайло Фуруҳар: Сиёсати ҷаҳонӣ бо сукути аҷибе назорагари ҳаводиси Афғонистон аст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лайло Фуруҳар: Сиёсати ҷаҳонӣ бо сукути аҷибе назорагари ҳаводиси Афғонистон аст
Акс: Интернет

Лайло Фуруҳар: Сиёсати ҷаҳонӣ бо сукути аҷибе назорагари ҳаводиси Афғонистон аст

Нашр шуд

Лайло Фуруҳар, аз маъруфтарин хонандагони эронитабори муқими Амрико гуфт, ки сиёсати ҷаҳонӣ бо сукути аҷибе назорагари ҳаводиси Афғонистон аст.

Ба гузориши halva.tj, Лайло Фуруҳар дар саҳифаи расмии худ дар facebook дирӯз дар бобати вазъи Афғонистон ибрози назар кард.

Ин хонандаи маъруфи форсизабон навишт, ки “Мутаассифона, ин рӯзҳо шоҳиди мусибатҳои бузурге ҳастем. Аз як сӯ бемории куруно, беобӣ, гаронӣ ва камбуди воксин ва дору дар кишварамон Эрон ва аз сӯи дигар зулму ситам ба инсонҳои бегуноҳе, ки асири муноқишоти сиёсӣ шуданд”.

Фуруҳар афзуд, ки дар ин лаҳзаҳо Афғонистон ҳамаро мутаҳаййир кардааст.

“Тасовир (аз Афғонистон) нишонгари тарс, ваҳшат ва зулм ба инсонҳое аст, ки солҳост ранги оромишро надидаанд ва сиёсати ҷаҳонӣ, ки бо сукуте аҷиб наззорагар аст”, - навиштааст дар саҳифаи худ Лайло Фуруҳар.

Лайло Фуруҳар миёни мардуми Тоҷикистону Афғонистон ҳам аз маҳбубияти зиёд бархӯрдор аст. Ӯ дар Тоҷикистон низ се консерт баргузор кардааст. Аз ҷумла, моҳи апрели соли 2006 дар “Кохи Борбад” барномаи ҳунарӣ иҷро кард, ки толор лабрез аз мухлисон буд.

Лайло соли 1959 дар Исфаҳони Эрон ба дунё омада, дар соли 1984 ба Туркияву Фаронса ва сипас дар соли 1988 ба Лос Анҷелеси Амрико ҳиҷрат кардааст. “Чӣ садо кунам туро”, “Маҷнун ба Лайло мерасе” ва “Хеле сахте” аз маъруфтарин таронаҳои ин хонанда ҳастанд.

Шоми 15-уми август Толибон* (созмони мамнуъ дар Тоҷикистон, Русия ва дигар кишварҳо) пас аз чанд моҳи даргириҳо дохили пойтахти Афғонистон шуд ва қасри раисиҷумҳурро ишғол намуд. Президент Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кардааст ва дар Афғонистон қудрат ба дасти Толибон расидааст.

Абдуллоҳи Раҳнамо: “Аҳмад Зоҳир барои андешаварон андеша ва барои сиёсатгарон сиёсат аст...”


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед