Ru  | Tj
Линдси Грэм ба ҷаҳон: “Ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кӯмак кунед ва Толибонро ба расмият нашиносед”

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Линдси Грэм ба ҷаҳон: “Ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кӯмак кунед ва Толибонро ба расмият нашиносед”
Акс: Интернет

Линдси Грэм ба ҷаҳон: “Ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ кӯмак кунед ва Толибонро ба расмият нашиносед”

Нашр шуд

Сенатори амрикоӣ Линдси Грэм дар ҳошияи Конфронси амниятии Мюнхен дар бораи Афғонистон ба ҷаҳониён гуфт, онҳо набояд талош кунанд, то барои Толибон (Толибон – ҳаракати террористӣ) қонунияти сиёсӣ бидиҳанд, зеро онҳо ҳеҷ гоҳ тағйир наёфтаанд ва дар оянда низ тағйир нахоҳанд кард ва террорист ҳастанд.

Ӯ рӯзи шанбе бо ишора ба кушта шудани нерӯҳои амниятии собиқи ҳукумати Афғонистон дар шаш моҳи гузашта гуфт, шумори ҷангҷӯёни ДИИШ (ДИИШ – ҳаракати террористӣ) дар Афғонистон афзоиш меёбад, зеро шуморе аз сарбозони собиқи ҳукуматӣ аз тарси интиқоми Толибон ба сафи ДИИШ пайвастаанд.

Линдси Грэм аз муқовимати мардуми Афғонистон алайҳи Толибон ва ДИИШ дифоъ кард ва таъкид кард, ки Толибон ба гуфтаҳои онҳо пойбанд нестанд ва набояд ба онҳо эътимод намуд.

Вай афзуд, кӯмак ба мардуми Афғонистон набояд ба нафъи Толибон анҷом шавад ва созмонҳо ва кишварҳои кӯмакрасон бояд ба ин таваҷҷӯҳ кунанд.

Ӯ гуфт, ки барои саркӯбии Толибон бояд ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бояд кӯмак кард.

Намояндаи вижаи Амрико барои Афғонистон бо интиқод аз сохтори ҳукумати инҳисории Толибон гуфт: "Дар ҳукумати кунунии Толибон як зан вуҷуд надорад".

Бо вуҷуди ин, Томас Вест эътироф кард, ки агар Толибон мактабҳои духтаронаро боз кунанд ва ба занон иҷоза диҳанд, ки ба корашон баргарданд, Амрико ва муттаҳидонаш омодаанд, маоши омӯзгоронро пардохт кунанд ва ниёзҳои Афғонистонро дар соҳаи маориф таъмин намоянд.


Пои Толибон дар Аврупо. Норвегия аз Толибон ва ҷомеаи шаҳрвандии Афғонистон даъвати расмӣ намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед