Ru  | Tj
Лоиҳаи қонун «Дар бораи захираҳои генетикӣ» баррасӣ карда шуд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лоиҳаи қонун «Дар бораи захираҳои генетикӣ» баррасӣ карда шуд
Акс: Хадамоти матбуоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон

Лоиҳаи қонун «Дар бораи захираҳои генетикӣ» баррасӣ карда шуд

Нашр шуд

Ба иттилои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Тоҷикистон “Дар бораи захираҳои генетикӣ» дар ҷаласаи имрӯзии Шӯрои Маҷлиси намояндагон, мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.

Рустам Расулзода раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об гуфтааст, ки мақсади таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур муайян намудани асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолият дар соҳаи захираҳои генетикӣ дар Тоҷикистон аст.

Ба гуфтаи ӯ бо амалишавии ин лоиҳа асосҳои истифодаи донишҳои анъанавии мардуми кишвар оид ба захираҳои генетикӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ, истифодаи техналогияи биологӣ барои истеҳсоли хӯрокворӣ ва пешбурди соҳаи кишоварзӣ осон ва амалӣ мешавад.

Иттиҳоди Аврупо оғози ду лоиҳа дар бахши сайёҳиро эълон намуд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед