Ru  | Tj
Лукашенко: Беларус талош хоҳад кард, ки соли оянда узви СҲШ шавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Лукашенко: Беларус талош хоҳад кард, ки соли оянда узви СҲШ шавад
Акс: Радиои Озодӣ

Лукашенко: Беларус талош хоҳад кард, ки соли оянда узви СҲШ шавад

Нашр шуд

Александр Лукашенко гуфт, кишвараш азм дорад, ки раванди пайвастан ба Созмони ҳамкории Шанхайро дар як сол паси сар намояд.

Президенти Беларус интизор дорад, ки соли 2023 дар Ҳиндустон кишвараш ба ҳайси узви комилҳуқуқ ба Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта хоҳад шуд, - хабар медиҳад Sputnik.

Ин дар ҳолест, ки санади марбут ба оғози раванди пайвастшавии Беларус ба СҲШ ҳафтаи гузашта дар саммити сарони кишварҳои ин созмон дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон имзо шуда буд.

Ҳамчунин, қаблан Вазорати хориҷии Беларус иттилоъ дода буд, ки ояндаи наздик Александр Лукашенко бо як сафари расмӣ ба Тоҷикистон меояд.


Александр Лукашенко дар ояндаи наздик ба Душанбе меояд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед