Ru  | Tj
Маҳдудиятҳои барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ шуданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҳдудиятҳои барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ шуданд
Расм аз barqitojik.tj

Маҳдудиятҳои барқ дар Тоҷикистон ҷорӣ шуданд

Нашр шуд

Шоми 5 январ муроҷиатномаи "Барқи тоҷик"-ро ба мардум расониданд, ки таъмини барқ дар минтақаҳо маҳдуд карда мешавад.

Маҳдудиятҳои барқӣ бинобар сабаби паст шудани оби обанбори Норак ва сардиҳо дар кишвар сар карда аз 5 январ аз соати 23:00 то 6:00 субҳ дар баъзе манотиқи Тоҷикистон барқ қатъ карда мешавад. Оиди ин ахбор тавассути ҳамаи расонаҳои хабарӣ ва телевизионӣ ба шаҳрвандони кишвар расонида шуд.

Гуфта мешавад, ки лимит  дар шаҳру ноҳияҳо барои хонаҳои ҳавлигӣ чорӣ мешаванд, ки роҳӣ алтернативии гармкунии хонаҳоро бо истифодаи  кумур, ҳезум ва дигар сузишвориҳо доранд.

Бояд қайд кард, ки Тоҷикистон зимистони имсол содироти қувваи барқро ба кишварҳои ҳамсоя қатъ намуд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед