Ru  | Tj
Маҳдудиятҳои зиддикорона дар Москва тамдид мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҳдудиятҳои зиддикорона дар Москва тамдид мешаванд
Расм аз Газета.ру

Маҳдудиятҳои зиддикорона дар Москва тамдид мешаванд

Нашр шуд

Бинобар сабаби афзоиш ёфтани шумораи сироятшудагон дар пойтахти Русия, раиси шаҳр Сергей Собянин ба қароре омад, ки маҳдудиятҳоро то 15 январ тамдид намояд.

Шаҳрвандони калонсол бояд бе зарурат аз хонаҳояшон набароянд, донишҷӯён ба таҳсили фосилавӣ гузаранд, театрҳо на зиёд 25 дарсади толор тамошобин ҷамъ кунанд ва ҳамаи чорабиниҳои дилхуши манъ карда мешаванд.

Тавре мири шаҳр вазъияти коронавирусро шарҳ дода гуфт, ки ҳоло ҳарф задан дар бораи коҳиш ёфтани гирифторшавӣ ба ин дард, барвақт аст. Аз санаи 16 то 22 ноябр дар Маскав ҳолатҳои нави гирифторшавӣ ба андозаи 2 фисад ва ҳолатҳои бистарӣ кардани маризон то 3 дарсад афзоиш ёфтааст.

Омор нишон медиҳад, ки рӯзи гузашта 6075 ҳолати нави сироятшавӣ сабт шудааст ва 8603 нафар то имрӯз ҳалок шудаанд.

Дар Тоҷикистон бошад 12008 сироятшуда ва 86 нафар ҳолатҳои марг ба қайд гирифта шудааст.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед