Ru  | Tj
Маҷлиси миллӣ манъи “идгардак” ва “либосҳои бегона”-ро тасвиб кард

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси миллӣ манъи “идгардак” ва “либосҳои бегона”-ро тасвиб кард
Акс: аз манбаъҳои боз

Маҷлиси миллӣ манъи “идгардак” ва “либосҳои бегона”-ро тасвиб кард

Нашр шуд

Палатаи болоии порлумони Тоҷикистон тарҳи нави қонуни танзими ҷашну маросимро қабул кард, ки ҳамакнун баъди имзои раисҷумҳур ва нашри расмӣ мавриди амал қарор мегирад.

Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи рӯзи 19 июн, тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”-ро, ки он пӯшидани либоси барои фарҳанги миллӣ бегона ва идгардаки кӯдаконро манъ мекунад, тасвиб кард. Дар ин бора хабаргузории расмии “Ховар” хабар дод.
 
Ба гуфтаи ин манбаъ, дар ҷаласаи мазкур, ки таҳти роҳбарии Рустами Эмомалӣ, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон баргузор шуд, дар маҷмӯъ 38 масъала баррасӣ гардид. Дар ин миён, аъзои Маҷлиси миллӣ лоиҳаи қонунҳои Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, “Дар бораи танзими ҷашну маросим”, “Дар бораи маориф”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, “Дар бораи Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва дигар қонунҳои тасвибшуда дар Маҷлиси намояндагонро баррасӣ ва қабул карданд.
 
Хотиррасон мекунем, ки Маҷлиси намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 8‑уми май лоиҳаи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим”-ро тасвиб кард кард, ки он сару садои зиёд дар ҷомеа ба бор овард.
 
Тибқи лоиҳаи нави қонуни мазкур, аз ин ба баъд “воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона ва пӯшидани чунин либосҳо дар ҷойҳои ҷамъиятӣ” манъ мешавад. Инчунин бар асоси ин лоиҳаи қонун дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон “исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак)” манъ аст.
 
Бо ин вуҷуд то ҳол мушаххас зикр нашудааст, ки кадом сару либос ба фарҳанги миллӣ дар Тоҷикистон бегона дониста мешавад.
 
Ҳамакунун, лоиҳаи қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” барои имзо ба раисҷумҳури Тоҷикистон пешниҳод мешавад. Баъди имзои Эмомалӣ Раҳмон ва нашри он тарҳи нави қонун “Дар бораи танзими ҷашну маросим” ҳукми қонунӣ пайдо мекунад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед