Ru  | Tj
Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии ислоҳоти милитсия то иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Президент

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии ислоҳоти милитсия то иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Президент
Акс: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумат: аз баррасии ислоҳоти милитсия то иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Президент

Нашр шуд

Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси ҳукуматӣ баргузор карда, аз ҷумла лоиҳаҳои як қатор қонунҳоро баррасӣ кард ва барои таҷлили ҷашни 30- солагии Истиқлол супоришҳои қатъӣ дод.

31 –уми май бо роҳбарии раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, ки дар он якчанд масъалаҳои муҳим ба миён гузошта шуд. Дар маҷлис нахуст ҳисоботи раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода шунида шуд.

Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти кишвар хабар дода, мегӯяд, ки дар маҷлис ҳамчунин ислоҳи як қатор қонунҳо баррасӣ гардид.

Гуфта мешавад, ки аъзои Ҳукумати мамлакат масъалаҳо дар бораи Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, дар бораи Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025, дар бораи Барномаи таъмини бехатарӣ аз сӯхтор барои солҳои 2021-2025 ва дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардонии Консепсия дар бораи ҷалби ҳамватанони бурунмарзӣ ҳамчун шарикони рушди кишвар барои солҳои 2021-2025, инчунин дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғдро муҳокима карданд.

Дар охир Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо вобаста ба иҷрои ҳатмии супоришҳои қаблии Ҳукумати мамлакат ва маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вусъати корҳои созандагию бунёдкорӣ барои истиқболи ҷашни умумимиллӣ - 30-солагии Истиқлоли давлатӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосили парвардаи заҳматкашон, аз қабили ғалладонагиҳо, мевагӣ, сабзавот ва полезиҳо, афзоиши ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи мамлакат ва суръатбахшии кишти такрорӣ, супоришҳо дод.

Эмомалӣ Раҳмон охирин ҷаласаи Ҳукуматро дар соли 2020 гузаронд

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед