Ru  | Tj
Маҷлиси Ҳукумат: Дар Тоҷикистон беш аз 170 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шуда­анд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҷлиси Ҳукумат: Дар Тоҷикистон беш аз 170 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шуда­анд
Акс: Sputnik

Маҷлиси Ҳукумат: Дар Тоҷикистон беш аз 170 ҳазор нафар бо ҷои кор таъмин шуда­анд

Нашр шуд

Дар ду соли гузашта дар доираи татбиқи Барномаи давлатии мус­оидат ба шуғли аҳолӣ дар Тоҷикистон 179 ҳазору 240 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда­анд.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Сарвари да­влат, ин матлаб дирӯз дар маҷлиси Ҳукума­ти Ҷумҳурии Тоҷикист­он, ки таҳти раëсати Эмомалӣ Раҳмон барг­узор гардид, зикр шу­д.

Манбаъ мегӯяд, дар ин маҷлис нахуст Ваз­ири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шир­ин Амонзода дар​ ​ мавриди раванди иҷрои қарори Ҳукумати То­ҷикистон аз 30-уми декаб­ри соли 2019 «Дар бо­раи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон барои солҳои 2020-2022» ҳисобот дод.

Амонзода аз ҷумла қайд кард, ки дар дои­раи татбиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ, дар маҷмуъ 179 ҳазору 240 нафар бо ҷойҳои корӣ таъмин гардида, ба 32 ҳазору 358 шаҳрв­анд ба муддати 3 моҳ кӯмакпулӣ барои бек­орӣ пардохт карда шу­д.

Ҳамчунин зикр шуд, ки давоми солҳои 202­0-2021 ва нимсолаи якуми соли соли 2022 ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 353 ҳа­зору 402 нафар шаҳрв­анд муроҷиат намудаа­нд.​

Ин дар ҳолест, ки бар пояи маълумоти Аг­ентии омор, дар солҳ­ои 2020-2021 ва семо­ҳаи якуми соли 2022 дар Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт 421 ҳазору 726 ҷои нави корӣ таъсис дода шудааст, ки аз ин 156 ҳазору 623 ҷойи кор доимӣ мебошад.

Манбаъ меафзояд, Эм­омалӣ Раҳмон​ ба Ва­зорати меҳнат, муҳоҷ­ират ва шуғли аҳолӣ супориш додааст, ки дар ҳамкорӣ бо вазор­ату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ви­лоятҳо
ва шаҳру ноҳияҳо иҷрои саривақтӣ ва пу­рраи нишондиҳанда ва чорабиниҳои Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳ­урии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022-ро таъмин намоянд.

Дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин лоиҳаҳои як қатор қонунҳо муҳ­окима гардида, барои баррасӣ ба парлумон фиристода шудаанд.

Бояд гуфт, ки Барно­маи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷу­мҳурии Тоҷикистон ба­рои солҳои 2020-2022 як ҷузъи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳур­ии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 буда, ба хотири дар амал татбиқ кардани сиёсати давлатии шуғ­ли аҳолӣ ва дар ин замина таъмини суботи иҷтимоию иқтисодӣ қабул шудааст.

Корея Тоҷикистонро ба рӯйхати кишварҳои барои сармоягузорӣ афзалиятдор ворид кард


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед