Ru  | Tj
Мақоми савум ва ҷоизаи «Fair play» - и Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA -2021

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мақоми савум ва ҷоизаи «Fair play» - и Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA -2021
Акс: Хадамоти матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон

Мақоми савум ва ҷоизаи «Fair play» - и Тоҷикистон дар мусобиқаи CAFA -2021

Нашр шуд

Дар Душанбе мусобиқаи қаҳрамонии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни дастаҳои мунтахаби занонаи то 20 сола (U20) анҷом ёфт ва тими Тоҷикистон дар он мақоми савумро касб кард.

Федерастияи футболи Тоҷикистон хабар дод, ки дар мусобиқаи CAFA -2021 миёни дастаҳои мунтахаби занонаи U20 мунтахаби Ӯзбекистон бо 7 хол мақоми аввал, Ирон бо 6 хол мақоми дувум ва тими Тоҷикистон бо 4 хол мавқеи савумро ишғол намуданд.

Шоми  7-уми июл расми ихтитом ва ҷоизасупории ин мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо ҳузури Улуғбек Каримов, котиби генералии CAFA, ноиби Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода ва котиби генералии ФФТ Давлатманд Исломов баргузор гардид.

Манбаъ гуфт, ки мунтахаби Тоҷикистон сазовори ҷоизаи «Fair play» ва тими Афғонистон соҳиби ҷоизаи махсуси ин сабқат шуданд.  Ҳамчунин Беҳтарин нишонзани ин мусобиқа Лайло Рустуллоева (6 гол) аз дастаи Ӯзбекистон эълом гардид.

Дар мусобиқаи қаҳрамонии CAFA-2021 мунтахабҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон ширкат намуданд ва сабқат аз рӯи системаи даврӣ дар як давра доир гардид. Дастае ғолиб дониста шуд, ки имтиёзҳои бештар ба даст овард. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Таэквандочиёни шинохтаи тоҷик дар мусобиқаи интихобии олимпии Осиё шикаст хӯрданд


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед