Ru  | Tj
Маҳсулоти корхонаи Тоҷикистон ба Малайзия содир карда мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҳсулоти корхонаи Тоҷикистон ба Малайзия содир карда мешавад
Акс: Интернет

Маҳсулоти корхонаи Тоҷикистон ба Малайзия содир карда мешавад

Нашр шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо роҳбарияти ҶДММ "Баракат-Исфара" Борис Игнатенко ва директори генералии ширкат Дилшод Ҷабборӣ вохӯрӣ анҷом дод.

Ба иттилои Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаи вазъи феълии корхона ва тавсеаи минбаъдаи фаъолияти он мубодилаи афкор намудаанд.

Гуфта мешавад, ҶДММ “Баракат-Исфара” бо соҳибкорони Малайзия шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонидааст ва дар назар аст, ки рӯзҳои оянда содироти маҳсулот ба ин кишварро низ ба роҳ мемонанд.

Ба таъкиди манбаъ, феълан маҳсулоти корхона ба шаҳрҳои Москва, Санкт-Петербург ва дигар минтақаҳои Русия содир карда мешавад.

Корхона азм намудааст, ки ҷиҳати коркарди меваҳои хушсифат дар ояндаи наздик боғҳои нави интенсивиро ифтитоҳ намояд ва инчунин хатҳои нави истеҳсолиро фаъол кунад.

Қобили қайд аст, ки коргоҳи ҶДММ  “Баракат - Исфара” дар масоҳати умумии  2,4 гектар ҷойгир буда, дар он навъҳои мухталифи меваҳои хушк, аз қабили зардолуи хушк,  омехтаи компот, меваҳои хушки бурида, себи хушк ва гули хушк истеҳсол мегарданд.


Шоҳи Малайзия аз сатҳи олии муносибатҳои феълӣ бо Тоҷикистон изҳори қаноатмандӣ намуд




Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед