Ru  | Tj
Маҳсулоти "Made in Moscow" дар Душанбе дастрас мешаванд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маҳсулоти "Made in Moscow" дар Душанбе дастрас мешаванд
Акс: аз манбаъҳои боз

Маҳсулоти "Made in Moscow" дар Душанбе дастрас мешаванд

Нашр шуд

Рӯзи 24 июн таҳти сарпарастии Маркази содиротии Маскав 18 ширкати ин шаҳр дар чаҳорчӯби як ҳайати тиҷоратӣ дар Душанбе ба кор шурӯъ карданд.

Истеҳсолкунандагони маҳсулоти хӯрокворӣ, ороишӣ, тиббӣ, маҳсулоти мухталиф дар соҳаи сохтмон ва хизматрасонии тиббӣ аз шаҳри Маскав имкони ҳамкорӣ бо ширкатҳои Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд. Дар ин бора намояндагии тиҷории Русия дар Тоҷикистон, Евгений Коренков хабар дод.

«Аз рӯи анъана Маскав дар содирот ба Тоҷикистон мавқеи пешсафро ишғол мекунад. Доираҳои тиҷории Маскав ҳамеша фаъол буда, дар чорабиниҳои дуҷониба ширкат меварзанд ва маҳсулоти ширкатҳои Маскав ҳамеша дар бозори Тоҷикистон серталаб ва рақобатпазиранд”, - гуфт Коренков зимни ифтитоҳи намоишгоҳи ширкатҳои Маскав дар Душанбе.

Бояд гуфт, ки ҳиссаи Маскав дар ҳаҷми умумии содироти Русия ба Тоҷикистон беш аз 18 дарсадро ташкил медиҳад. Дар охири соли 2023 ҳаҷми содироти маҳсулот аз Маскав ба Тоҷикистон беш аз 23% афзоиш ёфтааст.
  
Гуфтанист, рӯзҳои 24 ва 25 июн дар шаҳри Душанбе 18 ширкати истеҳсолии Маскав маҳсулоти худро дар намоишгоҳи ихтисосӣ муаррифӣ карданд.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед