Ru  | Tj
Маблағи қарзи андоз дар Тоҷикистон ба 1,2 млрд сомонӣ расидааст

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Маблағи қарзи андоз дар Тоҷикистон ба 1,2 млрд сомонӣ расидааст
Акс: аз манбаъҳои боз

Маблағи қарзи андоз дар Тоҷикистон ба 1,2 млрд сомонӣ расидааст

Нашр шуд

Зарфи шаш моҳи аввали соли ҷорӣ қарзи андоз боз ба маблағи 392,5 млн сомонӣ зиёд шуд, иттилоъ дод Кумитаи андози Тоҷикистон.

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ бузургтарин қарздорон аз андозро ном бурд.

Ба гуфтаи вай, дар феҳристи қарздорон аз андоз дар ҷойи аввал ҶСК «НБО Сангтӯда-1» – 220 миллион сомонӣ, ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» – 189 миллион сомонӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрии Тоҷикистон - 96 миллион сомонӣ, ширкати "ТАЛКО Ресурс" – 78 миллион сомонӣ, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» – 76 миллион сомонӣ, кони ангишти “Зиддӣ” – 22 миллион сомонӣ ва ҶСК «Алюминсохтмон» – 20 миллион сомонӣ қарор доранд.

Тибқи иттилои Кумитаи андози Тоҷикистон, соли гузашта нисбат ба қарздорон дар бораи ситонидани иҷбории андоз ба маблағи 740 миллион сомонӣ қарор қабул шудааст.

Дар баробари ин ба иттилои ин ниҳод, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон дар маҷмуъ 10,5 ҳазор ҳолати нақзи қонунгузории андоз ошкор шуда, нисбати шахсони дахлдор ба маблағи умумии 188 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардид.

Гуфта мешавад, ки аз ин ҳисоб ва ҷаримаҳои солҳои қаблӣ ба буҷети Тоҷикистон зиёда аз 201 миллиону 600 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид.

Бояд гуфт, ки дар Феҳристи ягонаи давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ ба ҳолати 1 июл 358,6 ҳазор нафар сабти ном шудааст. Ин рақам нисбат ба аввали сол 8,3 ҳазор, аз ҷумла шахсони ҳуқуқӣ 633 ва соҳибкорони инфиродӣ 7,7 ҳазор нафар зиёд мебошад.

Дар телеграм моро пайгирӣ кунед!
https://t.me/halvaTJnews

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед