Ru  | Tj
MADE IN IRAN: Дар Душанбе шашумин Намоишгоҳи ихтисосии Эрон баргузор мешавад

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

MADE IN IRAN: Дар Душанбе шашумин Намоишгоҳи ихтисосии Эрон баргузор мешавад
Акс: Интернет

MADE IN IRAN: Дар Душанбе шашумин Намоишгоҳи ихтисосии Эрон баргузор мешавад

Нашр шуд

Манзура Рустамова, муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, ки аз 27-уми феврал то 1-уми март дар пойтахти кишвар Намоишгоҳи шашуми ихтисосии Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, дар ин намоишгоҳ ширкатҳои фаъоли истеҳсолӣ ва хидматрасонии гуногунарсаи Эрон ширкат менамоянд. 

Ҳадаф аз баргузории ин намоишгоҳ дарёфти роҳҳои нави содироти маҳсулоти тавлидии Эрон ба кишварҳои Осиёи Марказӣ арзёбӣ мегардад. 

Тоҷикистону Эрон сар аз соли гузашта ба густариши равобит аҳаммияти бештар медиҳанд. Қаблан Вазири иқтисод ва молияи Эрон гуфта буд, ки Душанбеву Теҳрон дар садади таҳияи як барномаи дарозмуддати ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ барои давраи то соли 2030 ҳастанд. 

Ҳамчунин Сайида Фотима Муқимӣ, узви ҳайати Раёсати утоқи бозаргонӣ, саноеъ маодин ва кишоварзии Теҳрон гуфта буд, ки дастрасии Эрон ба Аврупо аз тариқи Тоҷикистон имконияти идеалие барои рушди иқтисод ва тиҷорати Эрон фароҳам меорад.


Маҳсулоти ду ширкати Тоҷикистон ба бозорҳои Амороти Муттаҳидаи Арабӣ роҳ ёфтаанд



Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед