Ru  | Tj
Магистрони забони русӣ дар Тоҷикистон таҷрибаомӯзиро оғоз карданд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Магистрони забони русӣ дар Тоҷикистон таҷрибаомӯзиро оғоз карданд

Магистрони забони русӣ дар Тоҷикистон таҷрибаомӯзиро оғоз карданд

Нашр шуд

Ғолибону ҷоизадорони озмуни “Магистрони забони русӣ-2024” тӯли як моҳ дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода аз забони русӣ ба унвони забони хориҷӣ дарс хоҳанд гуфт.

Дар маҷмуъ, ба Тоҷикистон чор нафар магистрант ва аспирант, ки алакай таҷрибаи омӯзгорӣ доштанд, омаданд. Дар ин бора намояндагии "Россотрудничество" дар Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иштирокчиёни лоиҳаи байналмилалии таълимӣ дарсҳои аввалини санҷиширо бо филологҳои ҷавон барои мухотабони гуногун баргузор карданд.Ҳамин тариқ, Владимир Мисюкевич аз Донишкадаи давлатии забони русии ба номи Пушкин ба кормандони Вазорати дифои Тоҷикистон аз забони русӣ дарс гузаронид.

Дар баробари ин Алиса Семёнова аз Донишгоҳи давлатии Русия ба номи Косигин дарси фарҳанги гуфтор барои мактаббачагон ва семинарҳо барои омӯзгорони маркази таълими иловагии "Россотрудничество" дар мактаби рақами 75-и Турсунзодаро мегузаронад.

Ҳамзамон Александра Тяпаева (Донишгоҳи давлатии Саратов) ва Елена Зуева (Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав) барои донишҷӯёни намояндагии Донишгоҳи МИСИС, омӯзгорони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе ва инчунин роҳнамоёни Осорхонаи миллии Тоҷикистон аз забони русӣ дарс мегӯянд.

Гуфтанист, лоиҳаи «Магистрони забони русӣ» аз ҷониби "Россотрудничество" ва Донишгоҳи давлатии забоншиносии Маскав роҳандозӣ шудааст. Бар асоси натоиҷи ҳамаи марҳилаҳои озмун 30 нафар ғолибон интихоб шуданд, ки дар 12 кишвари ҷаҳон таҷрибаомӯзӣ хоҳанд кард.

Хотиррасон мекунем, ки айни замон дар мактабҳои Тоҷикистон беш аз 100 нафар омӯзгор аз Русия дар доираи лоиҳаи “Муаллими рус дар хориҷа” аз забони русӣ ва дигар фанҳо бо забони русӣ дарс медиҳанд.

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед