Ru  | Tj
Мактабҳои Панҷшер ба пойгоҳҳои низомии Толибон мубаддал шудаанд

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мактабҳои Панҷшер ба пойгоҳҳои низомии Толибон мубаддал шудаанд
Акс: Интернет

Мактабҳои Панҷшер ба пойгоҳҳои низомии Толибон мубаддал шудаанд

Нашр шуд

Бар асоси гузоришҳо нерӯҳои Толибон* (Ҳаракати террористӣ) дар вилояти Панҷшер теъдоде аз мактабҳоро ба пойгоҳҳои низомӣ дар ин вилоят табдил додаанд.

Бархе аз расонаҳо бо такя ба манобеъ хабар медиҳанд, ки бо тағйири ҳаво ва оғози ҳамлаҳои баҳории Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Толибон теъдоде аз мактабҳоро ба пойгоҳҳои низомӣ табдил медиҳанд ва аз вуруди донишомӯзон ба мактабҳо ҷилавгирӣ менамоянд.

Ба гуфтаи ин манобеъ, ба далели осоиш ва нобоварӣ миёни мардум ва Толибон, сокинони маҳаллӣ низ аз таҳсили духтарони худ дар синфҳои ибтидоӣ ҷилавгирӣ кардаанд.

Мактабҳои Обдара, Ҷамол Вардеҳ, Ҳисорак мактаби миёнаи Поранда ва даҳҳо мактаби дигар дар Панҷшер ба пойгоҳҳои низомии Толибон табдил ёфтаанд ва донишомӯзон иҷозаи вуруд надоранд.

Бояд гуфт, ки бо гарм шудани ҳаво ҷанг дар Панҷшер шиддат пайдо кардааст.


Дар Панҷшер байни мардуми маҳаллӣ ва Толибон ҷанги шадид сурат гирифт


Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед