Ru  | Tj
Мактабиёни Тоҷикистон аз 7-уми июн ба таътили тобистона мебароян

Хабарҳои асосӣ дар Тоҷикистон

Мактабиёни Тоҷикистон аз 7-уми июн ба таътили тобистона мебароян
Акс: Интернет

Мактабиёни Тоҷикистон аз 7-уми июн ба таътили тобистона мебароян

Нашр шуд

Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ахиран эълон кард, ки аз 7 –уми июн дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқияшон машғулиятҳои таълимӣ ба анҷом мерасад.

Дар ин бора фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба тасвиб расидааст ва дар он гуфта мешавад, ки машғулиятҳои таълимӣ дар синфҳои 1-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 3 –уми июн ҷамъбаст мегардад.

Ба навиштаи сомонаи вазорат “аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 4-8 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 5-8 ва 10-11 муассисаҳои таҳсилоти умумии ғоибона аз 9 июн то 17 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (рӯзона) аз 9 июн то 16 июн, аттестатсияи аз синф ба синф гузаронидани хонандагони синфҳои 10 ва 11 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ғоибона (ба истиснои Муассисаи ғоибонаи калонсолон ва наврасони нобино ва сустбини шаҳри Ҳисор) аз 8 июн то 15 июн, аттестатсияи хатм дар синфҳои 9 муассисаҳои таҳсилоти умумӣ (рӯзона ва ғоибона) аз 8 то 18 июн ва аттестатсияи хатми синфҳои 11 (12) муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯзҳои 8-19 июн” гузаронида мешаванд.

Мактаббачагони Тоҷикистон дар таътили зимистона чанд рӯз истироҳат хоҳанд кард

Хабарҳои ҷолибтарин дар телеграмм-канали Halva.tj

Маводи зиёдтарро дар гурӯҳи фейсбукии Halva.tj ва саҳифаи мо дар Instagram дарёфт намоед